ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои кумитаи олимпии Тоҷикистон, дар бозии финали Ҷоми Тоҷикистон, ки 24 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид, дастаи “Истиқлол” бар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода пируз шуд.
Ҳамин тавр дастаи “Истиқлоли” Душанбе дар таърихм мавҷудияташ барои ҳаштум маротиба соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд.
Тавре манбаъ қайд намудааст, бози бо ҳисоби мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ба голи задаи футболбози дастаи Душанбе Комрон Турсунов дар дақиқаи 12-ум Нозим Бобоҷонов аз дастаи “Регар-ТадАЗ” дар дақиқиаи 32-юм аз пеналтӣ ҷавоб дод.
Дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра футболбозони “Истиқлол” 4:2 пируз шуданд. Дарвозабони “Истиқлол” Рустам Ятимов беҳтарин футболбози бозӣ эътироф шуд.
Ёдрас мешавем, ки дастаи “Истиқлол” имсол ҳамчунин дар Чемпионати Тоҷикистон ғолиб омад.
Бо шарофати ғалабаи “Истиқлол” дар Ҷоми Тоҷикистон барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон – дастаи “Хуҷанд” ҳуқуқ пайдо кард, ки Тоҷикистонро дар Ҷоми КФО-2020 намояндагӣ кунад. Шогирдони Виталий Левченко аз даври плей-офф мусобиқаро оғоз мекунанд.
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 маротибаи 28-ум баргузор шуд. Аз ҳама бештар “Истиқлол” ҳашт бор Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Регар-ТадАЗ” шаш бор, “Хуҷанд” чор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якмаротибаӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.