Афзоиши тамоюли русҳо барои сафар ба Эрон

© Фото : Чистова Алина / Рубен ГарсияОмовение, архивное фото
Омовение, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мудири анҷумани тургардонони Русия эълом кард, ки алоқа ва тамоюли гардишгарони рус барои сафар ба Эрон афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Parstoday”, Мая Ломидзе, мудири анҷумани тургардонони Русия афзуд, ки наздикии Ироқ ва бархе кишварҳои бесуботи Ховари миёна ба Эрон бар алоқаи гардишгарони рус барои сафар ба ин кишвар таъсири манфӣ нагузоштааст.

Горящий мотоцикл во время протестов в Иране  - Sputnik Тоҷикистон
Гаронии нархи бензин ба тазоҳуроти густурда дар Эрон оварда расонд - акс

 Ин мақоми гардишгарии Русия бо баёни ин, ки Эрон ҳамон Порси бостонӣ аст афзуд: Бо ин ҳол низоми раводид, монеъи афзоиши сафари гардишгарон аз Русия ба Эрон мешавад.

 Дар ҳамин ҳол Валерия Короина, масъули як ширкати гардишгарии Русия, ки гардишгарони русро ба Эрон равон мекунад мӯътақид аст, ки зарфиятҳои бузурге барои афзоиши сафари гардишгарони рус ба Эрон вуҷуд дорад  

Вай Эронро музейи паҳновари зери осмони боз тавсиф кард ва афзуд:Садҳо ҷозибаи беназири гардишгарӣ дар Эрон, ин кишварро ба яке беҳтарин маконҳои дунё бо имконоти густурда барои гардишгарӣ табдил кардааст.

“Бисёре аз гардишгарони рус, ки ба Эрон сафар мекунанд ба ин кишвар дил мебанданд ва тамоми таблиғоти манфӣ дар расонаҳоро аз ёд мебаранд ва аз сафар ба ин кишвар ризоят доранд ва ҳатто бархе барои бори дувум мехоҳанд ба Эрон сафар кунанд”, - гуфт Короина.

Лентаи хабарҳо
0