ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи маргбори нақлиётӣ дар нимашаби рӯзи 21 - уми ноябри соли равон хабар медиҳад.
Бар иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Деу-Сиело", Абдураҳмонов Аъзами 30 - сола аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, зани тахминан 30 - 35 - соларо пахш намудаст.
Гуфта мешавад, ронанда, ки сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе ба самти кӯчаи К.Манн, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматӣ, пиёдагарди ҷинсаш зан, ҳуввияташ номаълумро пахш намудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки пиёдагард бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаст.
Феълан кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаи тафтишот мегузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки бар асари як садамаи маргбори нақлиётӣ дар Истаравшан дасти кам 3 нафар ҷон бохтанд, ки миёни ҳалокшудагон як кӯдаки 1 - сола низ қарор дошт.