Қабули буҷаи давлатӣ барои соли 2020 ва лоиҳаи буҷаҳои 2021 - 2022

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкЗдание парламента Республики Таджикистан
Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022-ро қабул намуданд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи буҷаи давлатӣ барои соли оянда иттилоъ дод, ки  ҳаҷми умумии даромади буҷа дар соли 2020 ба маблағи 26 миллиарду 54 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидаст, ки ба 29,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Глава таможенной службы Таджикистана Хуршед Каримзода - Sputnik Тоҷикистон
Қарори нави Ҳукумат дар бораи гумрук: аз пуркунии буҷа то номгузории Раҳмон ба порахӯрҳо

Зикр гардид, ки ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 26 миллиарду 403,5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 30,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, гузориш додааст “Ховар” аз қавли котиботи Маҷлиси намояндагон.

Манбаъ афзуд, дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2020 ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода шудааст.

"Яъне ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ соли 2020 ба 11 млрд. 730,3 млн. сомонӣ баробар буда, нисбат ба буҷети соли 2019 1 млрд. 146,3 млн. сомонӣ ё ин ки 12,3 фоиз афзоиш ёфта, 44,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад", - иттилоъ дода шудааст дар ҷаласаи парлумон.

Ба номи варзишгарон, аммо ба киссаи худ: боздошти мақомдорони Конибодом

Дурнамои нишондиҳандаҳои буҷаи давлатӣ барои солҳои 2021-2022 давоми мантиқии лоиҳаи буҷети соли 2020 буда, ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ соли 2021-ум 28 млрд. 635,6 млн. сомонӣ ва соли 2022-ум 30 млрд. 983,1 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки мутаносибан ба 29,2 ва 28,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  баробар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0