"Тепловоз" сокини 55 солаи пойтахтро пахш кард

CC0 / Pixabay / Поезд на железной дороге
Поезд на железной дороге - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати як сокини пойтахт хабар медиҳад, ки тепловоз ӯро пахш кардаст

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Сокини 55 - солаи кӯчаи Қаротегини пойтахт бар асари зери теплавоз мондан, ба ҳалокат расидаст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 21 - уми ноябри соли равон тахминан соати 16:20 дақиқа рух додаст.

"Ронандаи тепловози №РЭН 26823, Шуришов Қобилҷони 33 - сола, сокини шаҳри Душанбе ва ёрдамчии ӯ Териев Амонҷони 45 - сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти истгоҳи Душанбе-2 дар километри 46.79-уми пикети 1, шаҳрванд Абдухолиқова Дилракати 55 - сола,  сокини кучаи Қаротегини шаҳри Душанберо пахш намудааст", - омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, дар натиҷа зани 55 - сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаст.

Тепловоз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Алайҳи ёрдамчии ронандаи қатора, ки духтари 13-соларо пахш намуд, парванда боз шуд

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд духтари 13 - сола зери тепловоз монда буд.

Ба нақли шоҳидони ҳодиса духтарак саросемавор мехост роҳи тепловозро убур кунад, вале ин замон зери хатҳои он дармонд. 

Гуфта мешавад, ҳарчанд ронанда ин духтарро дид ва кӯшиш кард ба таври изтирорӣ теполозро нигоҳ дорад, вале аллакай дер шуда буд.

Табибон вазъи духтари 13 сола, ки дар Бӯстон зери қатора монд,вазнин арзёбӣ мекунанд

Табибон вазъи духтари 13 соларо вазнин арзёбӣ намуданд.

Ӯро  фавран ба бемористони шаҳри Бӯстон ба шӯъбаи эҳёгарӣ интиқол доданд. Ба гуфтаи пизишкон ин беморхона, барои наҷот додани ҷони ӯ лозим шуд,то пойи чапи ӯро бибуранд. Ҳамчунин дасти чапаш низ дар ин ҳодиса сахт осеб дидаст.

Зимнан Додситонии вилояти Суғд нисбати ронандаи тепловоз тибқи моддаи 211 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардидаст.

Лентаи хабарҳо
0