ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) миёни мунтахабҳои олимпии бонувони то 23-сола оғоз ёфт.
Тими мунтахаби олимпии бонувони Тоҷикистон (U-23) имрӯз дар аввалин бозиаш муқобили дастаи Эрон пирӯз нашуд.
Вохӯрӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 17:00 ба вақти Душҳанбе оғоз ётф ба ҳисоби 4:0 ба фоидаи дастаи Эрон анҷом ёфт.
Ҳарчанд бонувони Тоҷикистон дар майдони пур аз барф кушиш карданд натавонистанд рақиби худро дар симои бонувони эронӣ шикаст диҳанд. Бонувони футболбози эронӣ ба дарвози тими Тоҷикистон чаҳор голи беҷавоб заданд.
ҳамагӣ дар доираи Чемпионати АФОМ-2019 миёни бонувон 15 бозӣ доир мешавад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор ва дастаи ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда маълум мегардад.
Имрӯз инчунин сабқати бонувони Узбакистон – Қирғизистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ва тимҳои Афғонистон – Туркманистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 14:00 дар назар аст.
Дар мусобиқа, ки то 28 ноябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор доир мегардад, мунтахабҳои бонувони 6 давлати узви АФОМ – Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат мекунанд.