Бонувони футболбози Тоҷикистон бо тими Эрон зӯрозмоӣ мекунанд

Молодежная сборная Таджикистана по футболу
 Молодежная сборная Таджикистана по футболу  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 22 ноябр дар кишвар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оғоз мешавад

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, чемпионати мазкур миёни мунтахабҳои олимпии бонувони то 23-сола баргузор мегардад.

Ахтам Назаров, капитан сборной Таджикистана и клуба Истиклол  - Sputnik Тоҷикистон
Капитани тими миллии Тоҷикистон ба дастаи хориҷӣ гузашт

“Дар мусобиқа, ки то 28 ноябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор доир мегардад, мунтахабҳои бонувони 6 давлати узви АФОМ – Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат мекунанд”,-омадааст дар иттилоияи Кумита.

Манбаъ афзуд, ҳамагӣ дар доираи Чемпионати АФОМ-2019 миёни бонувон 15 бозӣ доир мешавад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор ва дастаи ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда маълум мегардад.

Тими мунтахаби олимпии бонувони Тоҷикистон (U-23) аввалин бозиашро 22 ноябр муқобили Эрон доир мекунад. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 17:00 оғоз мегардад.

Имрӯз инчунин сабқати бонувони Узбакистон – Қирғизистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ва тимҳои Афғонистон – Туркманистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 14:00 дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0