Террори собиқ мансабдори Толибон дар қарибии сафорати Русия дар Кобул

© AFP 2023 / RIZWAN TABASSUMСкорая помощь в Афганистане, архивное фото
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аҳмад Ваҳиди Мужда, маъруф ба Ваҳид Мужда, рӯзноманигор, нависанда, шоир ва таҳлилгари сиёсии афғон дар қарибии сафорати Русия дар Кобул кушта шудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Афғонистон, дар як паёми катбӣ дар сафҳаи “Фейсбук”-аш хабар дод, ки ин куштор ҳаволии соати панҷи шоми имрӯз, 20 ноябр анҷом шудааст. Ба қавли ӯ, ду нафар мотосиклсавор ӯро бо зарби гулӯла аз по даровардаанд. “Таҳқиқот дар ин робита ҷараён дорад” – меафзояд ӯ.

Таслими ҷангиёни Толибон ба ҳукумати Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон
Садҳо ҷангии Толибон ба ҳукумати Афғонистон таслим шуданд - навор

“Ваҳид Мужда мехост ба тарафи масҷид барои адои намоз биравад ва дар ҳавзаи 7 – уми Кобул, соҳаи наздики сафорати Русия ба шаҳодат расидааст”, - хабар медиҳад яке аз дӯстони Мужда.

Огаҳони ҳол мегӯянд, манзили Ваҳид Мужда дар минтақаи Доруламон, дуруст дар канори бинои сафорати Русия дар Кобул ҷой гирифтааст ва фақат як роҳе ба паҳнои 4 – 5 метр онҳоро аз ҳам ҷудо мекунад.

Муҳаммад Акром Андешаманд, яке аз афроди ошно бо Ваҳид Мужда, ба “Спутник” фаъолиятҳои ӯро тафсир карда, гуфт, ӯ аз ҷавонӣ дар бахшҳои фарҳангии танзимҳои гуногуни ҷиҳодӣ дар шаҳри Пешовари Покистон кор кардааст.

“Дар солҳои нахусти даҳаи ҳаштоди милодӣ ӯ узви Ҳизб исломии Гулбиддин Ҳикматёр буд, ки дар кумитаи фарҳанги ин ҳизб кор мекард ва узви ҳайати таҳрири нашрияи “Шаҳодат” буд. Мужда дар он солҳо аз нависандагони маъруфи муҷоҳидин дар Пешовар шумурда мешуд. Ӯ сипас аз Ҳизб исломӣ фосила гирифт ва равобити наздик бо Иттиҳоди исломӣ ба раҳбарии Абураб Расули Сайёф ва сипас Ҷамъияти исломии Бурҳонуддини Раббонӣ барқарор кард. Пас аз суқути ҳукумати Доктор Наҷибуллоҳ то мизони соли 1375 (сентябри соли 1996) дар ҳукумати Раббонӣ корманди вазорати хориҷа буд, ки Кобул ба дасти Толибон суқут кард ва ӯ дар вазорати хориҷа ба кораш идома дод ва бо Толибон равобити наздик барқарор кард” – таъкид дошт Муҳаммад Акром.

Як ҳамсӯҳбати дигари “Спутник” гуфт, ки Мужда дар Пешовар ба тарҷумонӣ низ машғул буд.

Боевики Исламского государства - Sputnik Тоҷикистон
ДОИШ дар Афғонистон ба гурӯҳи худ атбои хориҷӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷалб мекардааст

“Вақте Абдулло Аззом соли 1988 ба шимоли Афғонистон сафар кард ва бо Аҳмадшоҳи Масъуд вохӯрд, тарҷумонашон ҳамин оқои Мужда буд”, – гуфт ӯ.

Дар замони Толибон Ваҳиди Мужда дар раёсати сеюми вазорати корҳои хориҷии Афғонистон шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъро раҳбарӣ мекард.

 Пас аз фурӯпошии режими Толибон дар ҳукумати Ҳомид Карзай як муддат сухангӯи Додгоҳи олии Афғонистон буд. Ӯро аз ҳаводорони Толибон ном мебурданд, аммо ба қавли дӯстонаш, толибона фикр намекард.

Дар Кобул зиндагӣ мекард ва гуфта мешавад, ки равобите низ бо аъзои аршади гурӯҳи Толибон дошт. Ваҳид Мужда дар расонаҳои Афғонистон зоҳир шуда, аз ҳукумати Афғонистон интиқод мекард, мухолифи ҳузур неруҳои амрикоӣ дар ин кишвар буд.

Боевики ИГ (террористическая организация, запрещена в РФ) и движения Талибан в полицейском отделении в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Сесад ҷангии ДОИШ дар Афғонистон ба мақомоти амниятӣ таслим шудаанд

Мужда дар нишастҳои байнулафғонӣ дар Маскав ва Доҳаи Қатар низ ширкат дошт. Ин гуфтугӯҳо миёни намояндаҳои сиёсии Афғонистон ва Толибон дар ҷараён буд. Дар бораи сулҳи Амрико бо Толибон ӯ назари мутафовит дошт.

Вай ба яке аз расонаҳо гуфта буд ҳадафи аслии музокироти Залмай Халилзод (фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистон) бо Толибон тағйири чеҳраи ҷангҷӯён аз толиб ба ДОИШ аст.

Ваҳид Мужда соли 1332 (1955) дар вилояти Бағлони Афғонистон таваллуд шудааст. Мактаби “Ҳабибия” – и Кобул ва Донишгоҳи Кобулро дар риштаи сиёсатшиносӣ хатм кардааст. Муаллифи китоби “Афғонистон ва панҷ соли Толибон” аст, ки пас аз суқути режими Толибон нашр шудааст.

Лентаи хабарҳо
0