ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони милитсияи як сокини пойтахтро дастгир намуданд, ки дар даст доштан ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Ин сокини 47 - солаи пойтахт ду маротиба соҳибкор аз ноҳияи Ёвонро фиреб дода, аз ӯ гӯё барои тиҷорат маблағ гирифта, дигар барнагардондаст, хабар медиҳад котиботи ВУД Тоҷикистон.
Хона гирифтанду пул надоданд: шикояти зани 54-сола ба милиса
Ба иттилои манбаъ, сокини ноҳияи Шоҳмансур, ҳанӯз моҳи сентябри соли 2013 бо роҳи фиреб ба боварии соҳибкор. марди 43 - солаи сокини ноҳияи Ёвон даромада, аз ӯ барои тиҷорат 25 000 доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро дигар барнагардонд.
Зимнан, номбурда ба ин қаноат накарда, дафъаи дигар низ ин соҳибкоррро фиреб додааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, зани қаллоб соли 2014 боз аз соҳибкори зикршуда, 30 ҳазор доллари дигар гирифта, барнагардонд.
Пулҳои сокини Восеъ, ки ба бонк бовар накарда дар сандуқ нигоҳ дошт, тӯъмаи дузд шуданд
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.