Нигаронии Аҳмадзода аз беаҳамиятии раисон ва холӣ мондани вазифаҳои давлатӣ

Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, зимни баргузории ҷаласа мавзӯъи мубориза бо терроризмро муҳокима намуда, аз беаҳамиятии як қатор раисони шаҳру ноҳияҳо ва холи мондани вазифаҳои корӣ дар сатҳи ҳукумат ва ҷамоатҳо таъкид намудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, дар ҷаласаи ҳукумати вилояти Суғд,  ҳолати иҷроиши Барномаи давлатии “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат бо терроризм ва экстеремизм барои солҳои 2016-2020” ро мавриди муҳокима қарор додааст.

Дар ин ҷаласа дирӯз ба ҳисоби раисони шаҳру ноҳияҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, имомхатибон ва раисони ҷамоатҳо даъват шудаанд. 

Раджаббой Ахмадзода, глава согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода: дар Бӯстон масъалаҳои ҳалталаб зиёданду фаъолияти мақомот беҳбудӣ металабад

Раҷаббой Аҳмадзода, ҳолати иҷроиши Барномаи милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат бо терроризм ва экстремизмро ба  муҳокима гузошта, аз камаҳамиятии раисони шаҳру ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Ашт, Хуҷанд, Исфара, Айнӣ, Панҷакент, Масчоҳ, Спитамен гуфтааст, ки як қатор вазифаҳои корӣ дар сатҳи ҳукумат ва ҷамоатҳои ин шаҳру ноҳияҳо холӣ мондаанд.

“Мувофиқи маълумот, 20 вазифаи кории мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин, 18 вазифаи кории соҳаи идеологӣ, 12 вазифаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳру ноҳияҳо холӣ аст” гуфтааст, Аҳмадзода.

Дар зимни баргузории ҷаласа, раиси вилояти Суғд инчунин аз холӣ мондани вазифаи мутахассисони бахши дин дар ҷамоатҳои деҳоти Зарзамин, Чашмасор, Исмоил, Ғозиён, Ҳайдар Усмон, Хистеварз ва  Ёва и ноҳия Бобоҷон  Ғафуров ва “бесоҳиб” мондани вазифаи мудирони шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеа, бахши дин ва танзими анъана дар сатҳи ҳукумати ноҳия нигаронӣ намудааст.

Раиси вилояти Суғд, иброз намудааст, ки таъмини амният ва мубориза бо терроризм, вазифаи танҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки дар ин масъала саҳми кӯчаки ҳар як нафар муҳим аст.

Лентаи хабарҳо
0