ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Кормандони милитсия ахиран Моҳпарӣ Абдулфаттоеваро боздошт намуданд, ки дар содир намудани силсилаҷиноятҳои қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад.
Манбаъ мегӯяд, Моҳпарӣ 38 сол дошта, сокини ноҳияи Рӯдакӣ аст. Ӯро чанд вақт боз кормандони пулис мавриди ҷустуҷӯ қарор доданд.
ВКД дар Хуҷанд ҷинояти сол 2013-ро ошкор кард: зани қаллоб боздошт шуд
Гуфта мешавад, номбурда аз шаҳрвандон бо ҳар роҳу восита аз ҷумла, бо мақсади дохил намудан ба донишгоҳҳои олии кишвар ва ба Ҳаҷ равон намудану ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул шудан, маблағҳо гирифта, дигар барнагардондаст.
Бар замми ин, кормандони милитсия аснои тафтиши манзили ба иҷора гирифтаи ӯ 17 - адад мӯҳри Донишгоҳҳои олии кишвар, ҳамчунин шиноснома, аттестат ва як қатор ҳуҷҷатҳои аз роҳи сохтакорӣ омодашуда, дарёфт ва мусодира намуданд.
Моҳпарӣ аз роҳи фиреб барои дохил намудани 70 довталаб ба донишкадаву коллеҷҳои Тоҷикистон 844 ҳазор сомонӣ гирифта, барнагардондаст.
Довталабони баумедро низ натавонист ба ин ё он донишгоҳи кишвар дохил кунад.
"Аз шаҳрванд Алламуродова Сабоҳат барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил намудани писараш 50 000 сомонӣ гирифта, ӯро фиреб додааст. Инчунин аз Расулова Ҳусния ба хотири ба тиҷорат машғул шудан, аз ӯ ба маблағи 80 000 сомонӣ гирифта, бозпас нагардонидааст. Дар мавриди дигар бошад аз Розиқов Маҳмадсаид барои худ ва 8 нафар хешовандонашро ба маросими Ҳаҷ-2019 фиристонидан 220 000 сомонӣ гирифта, бозпас нагардонидааст", - омадааст дар хабар.
Ҳамин тариқ, боздоштшуда дар содир намудани зиёда аз 22 ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста шуда, ба шаҳрвандон наздики 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Соҳибкорро фиреб дод: боздошти зани 47 сола бо иттиҳоми қаллобӣ
Раёсати умури дохилӣ тавзеҳ медиҳад, ки алъон нисбати гумонбаршуда бо моддаи 247 қисми 4 - и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ӯро ба ҳабси пешаӣ гирифтанд.
Гуфта мешавад, ҷустуҷӯи ҳаммаслакони ӯ ҳамоно идома дорад.