Козак: “Северний поток – 2” дар мобайнҳои соли 2020 ба истифода дода мешавад

© Nord Stream 2Трубы для строительства газопровода "Северный поток-2"
Трубы для строительства газопровода Северный поток-2 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Лоиҳаи “Северний поток – 2” ин пайвандгари ду хати газ буда аз ба воситаи он дар як сол 55 миллиард кубаметр газ мегузарад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Трубаи газгузари “Северний поток – 2” дар мобайнҳои соли 2020 ба истифода дода мешавад ба рӯзноманигорон гуфтааст, ҷойнишини сарвазири Русия Дмитрий Козак.

Последнее звено трансазиатского газопровода “Центральная Азия - Китай” запущено в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон
Дар зарфи ҳафт моҳ Тоҷикистон аз Узбакистон 72 миллион метри мукааб газ харидорӣ намуд
Аммо ӯ қайд накардааст, ки аниқ дар кадом моҳ ба истифода дода мешавад.

Чанде пеш роҳбари Минэнерго Александр Новак тахмин карда буд, ки ин трубаи газгузар то Соли нав ба истифода дода хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ инҷо корҳои техникӣ мебошанд, ки на танҳо ба корҳои техникӣ алоқаманд мебошад, балки ба газгузаронию газкушоӣ ва дуруст ба роҳ мондани он сахт вобаста аст.

Лоиҳаи “Северний поток – 2” ин пайвандгари ду хати газгузарро бо ҳам пайваста дар як сол ба воситаи он 55 миллиард кубаметр газ мегузарад.

Ин хати газгузар аз соҳили Русия ба воситаи баҳри Балтика то ба Олмон рафта мерасад. Ин хат ҳамчунин аз ҳудудҳои обӣ ва ё мавзеъҳои иқтисодии Финландия, Шветсия ва Дания мегузарад.

Дар авали моҳи октябр дар “Газпром” тавзеҳ дода буданд, ки 80 дар сади  ин хати газгузар алакай сохта шудааст. Ба гуфтаи онҳо Дания барои хобондани трубаҳо дар ҳудудаш танҳо баъди моҳи октябр иҷоза дода будааст ва истифодаю санҷиши онҳоро танҳо баъди 27 ноябр.

Аммо ба гуфтаи Алексей Миллер кор дар ҳудуди дания ҳамагӣ 5 ҳафтаро дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки ИМА барои сохта ба истифода додани хати газгузари "Северний поток – 2” Русия ва кишварҳои Аврупоиро бо таҳримҳо таҳдид карда буд. 

Лентаи хабарҳо
0