ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ аз фаъолият ва сатҳи дониши пасти судяҳо изҳори нигаронӣ кард.
Ба гуфтаи вай, танҳо дар нуҳ моҳи соли равон ба Суди Олӣ 190 шикоят 44 арзу шикоят ба Дастгоҳи иҷроияи Президент доир ба амалҳои судяҳо, аз ҷумла 58 шикоят дар хусуси ба кашолкорӣ роҳ додан ҳангоми баррасии парвандаҳо ва 7 шикоят оид ба иҷро нагардидани санадҳои судӣ ва 125 шикоят доир ба беамалии судяҳо ворид гардидааст.
“Ҳангоми санҷиш қисме аз ин шикоятҳо тасдиқ шудаанд. Чунин шикоятҳо нисбат ба судяҳои судҳои иқтисодӣ низ мавҷуданд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳур таъкид намуда, ки раисони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бояд барои баланд бардоштани касбияти судяҳо чораҳои ҷиддӣ андешида, ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо шахсияти онҳоро ҳаматарафа омӯхта, дар баробари донишу таҷриба, инчунин, одобу ахлоқ, масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии онҳоро низ ба эътибор гиранд.
“Бори дигар таъкид менамоям, ки судя дар баробари донишу таҷриба бояд виҷдони пок, одобу ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори шоиста дошта бошад” – гуфт раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки чунин тарзи интихоби кадрҳо имкон медиҳад, ки дар оянда содир намудани амалҳои нангини коррупсионӣ аз ҷониби амаликунандагони адолати судӣ аз байн бурда шуда, мақом ва нуфузи ҳокимияти судӣ баланд бардошта шавад.
Ҳамзамон роҳбари Тоҷикистон афзудааст, ки ҳолатҳое дида мешавад, ки баъзе судяҳо ба қадри вазифаи пурмасъули судягӣ намерасанд, дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон беэътиноӣ зоҳир менамоянд ва бо ин амалашон ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро халалдор месозанд.
“Омӯзиши арзу шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон нишон медиҳад, ки то ҳол дар баъзе судҳо нодуруст татбиқ намудани қонун, набудани таҷрибаи ягона ҳангоми таъини ҷазоҳо, ба иҷро пешниҳод нашудани қарорҳо ва таъмин набудани назорати иҷрои онҳо дида мешавад. Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби судяҳо муҳлати баррасии 183 парванда риоя нагардидааст. Ҳарчанд ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст, вале ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ мемонад”, - гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Вай гуфт, ҳолатҳои зиёди қабули қарорҳои ғайриқонунӣ ва муросокории ошкоро нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ ҷой доранд.
Дар марҳалаҳои кассатсиониву назоратии судҳои болоӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 265 қарорҳои судӣ бекор карда шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 8 қарор зиёд мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки чунин вазъ низ боиси нигаронӣ мебошад.
“Судя ҳуқуқи хато кардан надорад, зеро бо қарори судя тақдири инсон ҳал мешавад. Омӯзиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои бекор шудани санадҳои судӣ, пеш аз ҳама, аз он иборатанд, ки судяҳо дар вақти баррасии парванда беаҳамиятӣ зоҳир намуда, ба далелҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ намедиҳанд, ҳолатҳои барои парванда аҳаммиятдоштаро ҳаматарафа намесанҷанд ва дар баробари ин, норасоии дониши касбӣ ва таҷриба, дар баъзе ҳолатҳо мавҷуд будани ғараз нисбат ба парванда боиси татбиқи нодурусти қонунҳо ва дар охир қабули санадҳои ғайриқонунӣ мегардад”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамзамон вай гуфт, ки аз ҷониби судҳо таҷрибаи татбиқи ҷазо низ якхела нест.
“Ин ҳолат, аз ҷумла вобаста ба ҷиноятҳои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор баръало мушоҳида мешавад, зеро судяҳо дар баъзе ҳолатҳо барои миқдори ками воситаҳои нашъадор ҷазоҳои ошкоро вазнин ё барои муомилоти миқдори махсусан калон ҷазоҳои ошкоро сабук таъин менамоянд”, - таъкид кард раисҷумҳур.
Ва бори дигар зикр кард, ки ин масъаларо ӯ ҳануз дар вохӯрии қаблӣ бо судяҳо таъкид карда буд, аммо мутаассифона, чунин таҷриба то ҳол идома дорад.