Суғд Рӯзи парчами миллиро бошукуҳ таҷлил мекунад

© Sputnik / Фируз УмарзодаВ Душанбе отметили день таджикского флага
В Душанбе отметили день таджикского флага - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд эълон намудааст, ки дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи парчами Тоҷикистон чорабиниии бошукуҳ баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтаи матбуоти ҳукумати вилояти Суғд рӯзи 23 ноябри соли равон, соати 10-00 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар майдони Парчами давлатии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят чорабинии бошукуҳи идона доир мегардад.

Дети в Таджикистане с флагами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳпаймоиву консерт: таҷлили Рӯзи Парчам дар вилояти Суғд

Дар ин бора нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасдиқ гардидааст.

Ҳамчунин, мақомоти Суғд барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии муҳими сиёсӣ масъулини сохторҳои дахлдорро вазифадор кардааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар назар аст, ки аз ду самти хиёбони ба номи Раҳмон Набиев раҳпаймоии ҷавонон ва  сокинони касбу кори гуногун низ сурат гирад.

Ёдрас мешавем, ки Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз идҳои расмии Тоҷикистон, 24 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти Тоҷикистон қабул гардида, ҳар сол 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад. 24 ноябри соли 2009 бори аввал дар Тоҷикистон «Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта шуд. 

Лентаи хабарҳо
0