ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад агентии "Ховар" аз қавли Ожонс.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар ноҳияҳо борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад. . Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Борону раъду барқ: обуҳавошиносон дар Рӯзи забон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ доранд
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар Тоҷикистон боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳаво шабона 4+6 ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.