Далер Назаров омили асосии рушд накардани эстрадаи тоҷикро тавзеҳ дод

© Sputnik / Стас ЭтвешДалер Назаров дар Маскав
Далер Назаров дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳбубтарин овозхони Тоҷикистон Далер Назаров зимни як мусоҳиба, далели асосии рушд накардани эстрадаи тоҷикро тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik.  Маэстрои тоҷик, овозхон ва оҳангсози маҳбуби кишвар Далер Назаров мегӯяд, дар кишвар ҳанӯз майдони қавӣ барои рушди овозхонҳои эстрада мавҷуд нест.

“Аксар овозхонҳо тӯйгард ҳастанд ва ин чиз ҳам сади роҳи рушд наёфтани эстрада шуда метавонад”, - мегӯяд Далер Назаров.

Ба изҳори Назаров, феълан ягона майдоне, ки овозхонҳо дар он ҷо баромад мекунанд, ин саҳнаҳои тӯй ҳастанду халос.

Ба гунаи дигар эстрадаи тоҷик салоҳияти худро аз даст додаст, зеро фаъолияти он танҳо ба самти хизмат намудан дар туй ва маъракаҳо равона гардидааст, мегӯяд Назаров.

Далер Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рейтинги овозхонҳо: Далер Назаров маҳбубтарин овозхон дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад

Зимнан, ин оҳангсози муваффақ бар ин бовар аст, ки дар ояндаи наздик майдонҳои ҷадид ба мисли клубҳо кушода хоҳанд шуд, ки онҷо овозхонҳо на барои баргузории тӯйҳо, балки баръакс гирд меоянд то эҷод кунанд ва ҳунари худро сайқал диҳанд.

Суруди Далер Назаров дар иҷрои Анита Фигел - видео

Далер Назаров сабаби напазируфтани дархости ҳаводоронаш барои обод кардани тӯй ва маъракаро шарҳ дода, афзуд, ки сурудҳои ӯ дар тӯйҳо мувафиқат намекунанд.

“Бисёриҳо маро даъват мекунанд,то бо ҳузури худ маъракаи онҳоро обод кунам, вале ман аксар вақт даъвати онҳоро рад мекунам. Зеро дар тӯй меҳмонон ба тановули ғизо ва рақсу бозӣ машғуланд ва ба сурудҳои ман аҳамият намедиҳанд. Ман аллакай ҳамин раванди тӯйгардиро паси сар кардам,” – мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Далер, дунёи мусиқии ӯ ҳоло тамоман дигар аст. Ӯ баромади худ дар тӯйҳоро хаёлан чунин тасвир кард, ки "агар дар мобайни базми тӯёна рассоме мусаввараҳои худро оварда ба тамошо гузорад, ва ё шоире ба хондани ашъори худ шурӯъ кунад ва онҳоро касе гӯш ҳам намекунад.

Гузашта аз ин, Далер аз он изҳори таассуф намуд, ки одамон имрӯз сарояндаҳои мусиқиро манбаи асосии пулкоркунӣ медонанд. Аммо маэстрои тоҷик мегӯяд, ки дар мусиқӣ лаззат бурдан аз ҳама чиз волотар аст.

Лентаи хабарҳо
0