ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Зани 61-сола, сокини ноҳияи Сино ба идораи милиса муроҷиат карда, арз доштааст, ки ҳадафи ҳамлаи марди мусаллаҳ бо олоти халандаю буранда қарор гирифтааст, хабар дод ВУД.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 16-уми ноябр дар пеши хонаи истиқоматии ҷабрдида, дар кӯчаи Испечаки ноҳияи Сино рух додаст. Бо иттиҳоми даст задан ба ин ҷиноят марди 47-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардидаст.
"Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи зани 61-солаи сокини кӯчаи Испечаки ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки рӯзи 16-уми ноябри соли 2019 дар назди хонаи истиқоматиаш марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, аз ҳиссиёти авбошӣ ӯро бо олоти халандаю бурранда 1-маротиба ба пойи росташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст",-омадааст дар иттилоияи ВУД.
Мақомоти умури дохилӣ афзуданд, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин қазия тафтишот идома дорад.