Латукӯби сарбоз барои иҷро накардани супориши ғайриоинномавии прапоршик

© Sputnik / Александр КряжевВ казарме. Архивное фото
В казарме. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе прапоршик Талабшоҳ Қамаровро барои латукӯби сарбози қаторӣ, Ҷумахон Кенҷаев ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Прапоршик Талабшоҳ Қамаров, ба ҳайси сардори хадамоти истифодабарии манзилии қисми ҳарбии 16772-и Вазорати мудофиа аз ҳадди ваколатҳои худ баромада, сарбозро латукӯб кардааст, хабар дод Додгоҳи низомии Душанбе.

РВУД Душанбе мегӯяд, ҳолати сабтшуда дар навор на облава, балки боздошти муттаҳамон дар майдаавбошӣ буд - Sputnik Тоҷикистон
“Садои мардум”: чӣ тавр мешавад бар “дедовшина” ва “облава” хотима дод?

Манбаъ тавзеҳ дод, ки прапоршик 13-уми августи соли 2019 тахминан соати 15:00 ба хобгоҳи сарбозони ротаи тирандози савораи М3-80-и қисми ҳарбӣ ворид шуда, ба навбатдори рота - сарбози қаторӣ Кенҷаев Ҷумахон супориши ғайриоиномавӣ додааст, ки ба ӯ амри “низом” диҳад.

Ба иттилои додгоҳ, Кенҷаев, бинобар хилофи Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон будани ин амр, онро иҷро накардааст.

Додситон кормандони ҳафтаномаи “Тоҷикистон”-ро бозпурсӣ кард

"Аз ин ҳолат Қамаров ба ғазаб омада, бо як баста калид ба қисмати сари сарбози қаторӣ Кенҷаев як маротиба ва бо мушти дасти чапаш ба қисмати рости гарданаш як маротиба зарба зада, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст", - омадаст дар матлаби додгоҳ.

Ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳатҳои Кенҷаевро зарари сабуки ҷисмонӣ арзёбӣ кардааст.

Додгоҳи низомӣ прапоршик Қамаровро ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили 5500 сомонӣ ҷарима баста, аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян маҳрум накардааст.

Лентаи хабарҳо
0