Кушта шудани 13 сарбози афғон дар наздикии марзи Тоҷикистон

© AP / Rahmat GalБоевики "Талибан" в провинции Нангархар на востоке Афганистана
Боевики Талибан в провинции Нангархар на востоке Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷунбиши “Толибон” ба пойгоҳи низомӣ дар вилояти Қундуз, ки наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеъ аст, ҳамла карданд. Дар натиҷаи ҳамла чанд сарбози Афғонистон кушта шуд

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ҷангҷӯёни ҷунбиши тундрави “Толибон” (манмнӯъ дар Русия) ба вилояти Қундуз, ки наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон аст, ҳамла карданд, иттилоъ додааст шабакаи телевизионии Tolo News дар истинод ба манбаи худ.

Боевики ИГ (террористическая организация, запрещена в РФ) и движения Талибан в полицейском отделении в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Асорати доишиён аз Тоҷикистон, Узбакистон, Озарбойҷон... дар Афғонистон

Тибқи иттилои кормандони ҳифзи ҳуқуқ, шаби 20 ноябри соли равон як гурӯҳи “Толибон” ба пойгоҳи низомӣ дар минтақаи Эмом Соҳиб дар вилояти Қундуз ҳамла кардааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар натиҷаи задухӯрд 13 нафар низомиёни Афғонистон ба ҳалокат расиданд. Аммо Вазорати дифои ин кишвар танҳо марги як сарбозро тайид кард.

Толибон дар баёнияи худ таъкид кардаанд, ки ҷангҷӯён 14 сарбоз, аз ҷумла қумандони пойгоҳро низ кушта, 9 сарбози дигарро захмӣ карданд.

​Дар Афғонистон чанд сол аст, ки мухолифат миёни ҷунбиши Толибон ва ҳукумат ин кишвар идома дорад. Пештар ҷангҷӯён чандин минтақаҳои камаҳолии  Афғонистонро тасарруф намуда, ҳамлаҳои худро ба шаҳрҳои бузурги ин кишвар оғоз намуданд.

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористон ба минтақаҳои марзии Тоҷикистону Афғонистон зиёд шудааст. Дар Афғонистон дар ҳоли ҳозир нуфузи “ДОИШ” (мамнӯъ дар қаламрави Русия)низ пурзур шудааст.

Нируҳои амниятии Афғонистон дар тамоми қаламрави кишвар амалиётҳои махсус бар зидди терроризм анҷом медиҳанд. Аз ҷумла зимни як амалиёте, ки 13 ноябри соли равон анҷом ёфт беш аз 300 ДОИШ-и, ки миёни онҳо зану кӯдакон низ буданд, ба ҳукумати Афғонистон таслим шуданд.

Лентаи хабарҳо
0