Аз 11 занони истаравшанӣ, ки дар Сурия қарор доранд, 4 нафар бо фарзандҳо оварда шуданд

© AP / Emrah GurelЖенщина с ребенком в Сирии, архивное фото
Женщина с ребенком в Сирии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 11 нафар занон, сокинони Истаравшан, ки дар минтақаи даргирӣ Сурия қарор доранд, аллакай 4 нафари онҳо бо шумули фарзандҳояшон ба ватан оварда шуданд

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Давоми солҳои 2018-2019 аз манотиқи даргир дар давлати Сурия 4 нафар занони тоҷик бо фарзандҳояшон ба ватан баргардонда шуданд, хабар медиҳад сомонаи Sugsnews истинодан ба маълумоти Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Истаравшан.

Таджикские медики провели полную мед обследование возвращённых детей из Ирака - Sputnik Тоҷикистон
Кӯдаконе, ки аз Ироқ оварда шуданд ба оилаҳову наздиконашон дода нашудаанд

Ба иттилои манбаъ, дар қаламрави давлати Сурия дасти кам 11 нафар занони истаравшанӣ қарор доштанд ва бо баргардондани 4 нафари онҳо, акнун 7 зани дигар дар он давлати ҷангзада боқӣ мемонанд.

Латофат Назирӣ: кӯдаконе, ки аз Ироқу Сурия баргаштанд, ба таҳсил фаро гирифта шуданд

Манбаъ меафзояд, ки ҳангоми сӯҳбат бо ин занон маълум шуд, ки онҳо ба ин кишвар бо роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ аз Русия рафтаанд.

"Як сокини 26-солаи шаҳри Истаравшан се сол пеш бо ду фарзандаш ба назди ҳамсари худ ба Русия рафта пас аз чанде бедарак шуданд. Сипас, маълум гардид, ки онҳо дар Сурия қарор доранд", - омадааст дар хабар.

Маврид ба зикр аст, ки ахиран Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷараёни як ҷаласа изҳор намуда буд, ки то имрӯз зиёда аз 300 шаҳрванди гумроҳу фирефташудаи Тоҷикистонро ба Ватан оварда шуданд.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи Зуҳуров ҳамчунин наздик ба 100 кӯдаки тоҷик аз минтақаҳои ҷангу хушунат ба Тоҷикистон баргардонида шуд.

Лентаи хабарҳо
0