Тоҷикистон ба пеш: бозии мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон

Обуна шудан
Дар Бишкек бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад. Дастаҳои футбол барои ҷойҳои дуввум дар гурӯҳ мубориза мебаранд

Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек феълан ҷараён дорад.

Главный тренер национальной сборной Таджикистана Усмон Тошев - Sputnik Тоҷикистон
Бозингаронро дуруст интихоб накардам: Тошев омили аслии бохти тимашро шарҳ дод

Ин бозиро ҳакамон аз Қатар бо сарварии довари FIFA (Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол) Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассими 32-сола доварӣ мекунанд. Висва Натҳан Кришнан аз Сингапур нозири доварон ва Ҷаемин Шин аз Кореяи Ҷанубӣ комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

Мунтахаби кишвар кай ба чемпионати Осиё роҳ меёбад? Шарҳи коршинос аз вазъи футболи тоҷик

Баъди натиҷагирии панҷ даври мусобиқа дар гурӯҳи “F” мунтахаби Ҷопон, ки дар ҳамаи бозиҳояш пирӯз шудааст, бо 12 имтиёз мақоми аввалро азони худ кардааст. Дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон бо 6-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ва дастаҳои Муғулистону Мянмар бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои чаҳоруму панҷум ҷойгир шудаанд.

Ёдовар мешавем, бозии даври якуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 5-уми сентябри имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Тӯбро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 42-юм ба самар расонид.

Лентаи хабарҳо
0