ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ба гузориши сомонаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар 10 моҳи гузашта 3 миллиону 500 ҳазор тонна семент дар 13 корхонаи Тоҷикистон тавлид шуда, ки 296 ҳазор тонна бештар аз давраи мушобеҳи соли қабл аст.
Бино бар иттилои хабаргузории “Parstoday” аз се як ҳиссаи сементи тавлидии Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя содир шудааст.
Дар соли 2018 барои бори нахуст корхонаҳои тавлиди сементи Тоҷикистон беш аз 3 миллиону 800 ҳазор тонна аз ин маҳсули муҳими сохтмониро тавлид карданд, ки аз се як ҳиссаи он ба хориҷ, аз ҷумла Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир шуд.
Дар Тоҷикистон 13 корхонаи тавлиди семент фаъолият мекунад, ки дар 15 соли ахир бо сармоягузорӣ ва кумаки фаннии мутахассисон чинӣ сохта шудаанд.
Зарфияти тавлиди солонаи семент дар ин корхонаҳо наздик ба 4 миллиону 700 ҳазор тонна аст, ки заминаи таъмини ниёзи дохилӣ ва содирот ба кишварҳои ҳамсояро фароҳам месозад. Бар асоси созишномаи ҳамкориҳои Душанбе ва Пекин, баҳрабардорӣ аз ду корхонаи ҷадиди тавлиди семент дар Тоҷикистон дар ду соли оянда барномарезӣ шудааст.