Сиркбози тоҷик аз номи кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ баромад карда, ҷоизаи биринҷӣ гирифт

CC0 / Pixabay / Акробаты в цирке, архивное фото
Акробаты в цирке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сиркбози тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар Ҷашнвораи умумиҷаҳонии санъати сиркии Халонг-2019 ширкат карда соҳиби ҷоизаи биринҷӣ гардид

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар вилояти Куангнини давлати Вейтнам аз 11 то 17 ноябри соли равон Ҷашнвораи умумиҷаҳонии санъати сиркии Халонг-2019 баргузор гардид, иттилоъ медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Премьера цирковой постановки Эмоци и… - Sputnik Тоҷикистон
Ҷоизаи вижаи ширинкори тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар озмуни байналмилалӣ дар Минск

Дар ин ҷашнвора зиёда аз 100 ҳунарпешаҳои сирк аз 20 минтақа ва кишварҳои дунё ба мисли Куба, Канада, Бразилия, Олмон, Русия, Лаос, Амрико, Ҷопон ва Украина иштирок карданд.

Манбаъ меафзояд, дар ҷашнвораи мазкур сиркбози тоҷик Муҳаммад ШарифзодаТоҷикистонро муаррифӣ карда, соҳиби ҷои сеюм ва ҷоизаи биринҷӣ гардид.

Қобили зирк аст, ки дар ҷашнвораи мазкур кишварҳои Осиёи Марказиро Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кард.

Муҳаммад Шарифзода тибқи бурсия дар Омӯзишгоҳи сиркии ба номи Карандаши шаҳри Москва таҳсил намуда, соли 2018 баъди хатми омӯзишгоҳ дар Сирки давлатии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Сафари ҳунарии Сирки давлатии Тоҷикистон ба ВМКБ

Муҳаммад аллакай дар чандин фестивалҳои байналмилалӣ номи Тоҷикистонро бардошта, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0