ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Сокини Бритониёи Кабир Кевин Фрэнсис барои ҳамсари бемораш лотерея харида миллион фунт стерлинг (12 миллион сомонӣ) бурд кард, менависад Daily Mirror.
Мард ду скретч-корти лотереяи Merry Millions-ро барои завҷаи 75-солаи худ, ки қисман маъюб аст, харидорӣ кардааст.
"Брендӣ бемор аст. Барои ҳамин скретч-кортҳо барои ӯ чун бозии дилхушкунанда аст. Одатан ман онҳоро кам харидорӣ мекунам. Вале, намедонам, чӣ қуввае маро маҷбур кард, ки даст ба ҷайбам бараму лотерея харам... Баъд ман чанд вақт чиптаҳоро дар дастам мегардондам ва бовар намекардам, ки як миллион фунт стерлинг ин дар воқеъ як миллион фунт стерлинг аст. Ман мумкин шокӣ будам, ки дар давоми як соат ба Брендӣ нагуфтам. Вақте гуфтам, ӯ фикр кард, ки ман масхарааш мекунам", - нақл мекунад Фрэнсис.
Марди бритонӣ гуфт, ки маблағи бурдро барои хариди худравҳои замонавӣ ва сайёҳат сарф намекунад, балки қисме аз маблағро барои амалӣ кардани орзуи деринаи худ харҷ хоҳад кард.
"Ман дар наздикии баҳр зиндагӣ мекунам ва доим мехостам, шиновариро ёд гирам, вале барои ин на пул доштаму на вақт. Акнун ман метавонам ин орзуямро амалӣ кунам", - қайд мекунад, Кевин.
Ӯ илова кардааст, ки мехоҳад хонаро барои ҳамсари бемораш бароҳат муҷаҳҳаз кунад.