Низомиёни рус собиқ фурудгоҳи ҳарбии амрикоиҳоро дар Сурия ишғол карданд

Обуна шудан
Пулиси низомии рус фурудгоҳи ҳарбие, ки дар Сурия дар истифодаи амрикоиҳо қарор додшт таҳти назорати худ дароварданд. Амрикоиҳо маҳали фурудгоҳро саросемавор тарк намуда, баъзе чизҳояшонро аз қабили лавозимоти варзишӣ, хӯрокворӣ ва қалян дар онҷо боқӣ монда, рафтаанд

Пулиси  ҳарбии рус дар Сурия фурудгоҳи низомиеро, ки таҳти назорат ва истифодаи қувваҳои мусаллаҳи Амрико қарор дошт соҳиб шудааст. Ин маконро амрикоиҳо чуноне, ки дар навор дида мешавад дар сурате тарк кардаанд, ки баъзе чизҳои худро имкони гирифтан накардаанд.

Амрикоиҳо маҳали фурудгоҳро саросемавор тарк намуда, баъзе чизҳояшонро аз қабили лавозимоти варзишӣ, хӯрокворӣ ва қалян дар онҷо боқӣ монда, рафтаанд. Чарои онҳо бо ин саросемагӣ маконашонро тарк карданд то ҳол маълум нест. 

Бояд гуфт, ки муддати 8 сол аст дар сарзамини Сурия ҷанг идома дорад. Дар ин ҷанг Эрон, Туркия ва Сурия кафилони сулҳ худро меҳисобанд.

Амрико бошад низомиёнашро дар он ҷо бо мақсади муқовимат бо ҷангҷӯёни ДОИШ ва ҳимояи минтақаҳои нафтдор аз онҳо ворид карда буд. Трамп дар моҳи октябри соли равон эълон карда буд, ки қувваҳои мусаллаҳашро аз хоки Сурия берун мекунад, аммо як ҷузъаш бояд барои ҳимояи маҳалҳои нафти аз хатари ҷангҷӯён бояд дар Сурия монанд. 

Лентаи хабарҳо
0