Мақоми сеюми Муҳаммад Шарифзода дар озмуни ҷаҳонии Ветнам

© Министерство культуры РТПобеда таджикского циркача на фестивале во Вьетнаме
Победа таджикского циркача на фестивале во Вьетнаме - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сиркбози тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар ҷашнвораи ҷаҳонии санъати сиркии Халонг-2019 Тоҷикистонро муаррифӣ карда, соҳиби ҷои сеюм ва ҷоизаи биринҷӣ гардид

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Аз 11 то 17 ноябр дар вилояти Куангнини Ветнам Ҷашнвораи ҷаҳонии санъати сиркии Халонг-2019 дар мавзӯи “Ифтитоҳи нави муъҷизаи бузург” баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, дар ин ҷашнвора беш аз 100 ҳунарпешаҳои сирк аз 20 кишварҳои дунё ба мисли Куба, Канада, Бразилия, Олмон, Русия, Лаос, ИМА, Ҷопон ва Украина ширкат кардаанд.

Гастроли Большого московского цирка на воде в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Сиркбози тоҷик доварони ҷашнвораи Қазоқистонро ба ваҷд овард

Сиркбози тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар ҷашнвораи мазкур Тоҷикистонро муаррифӣ карда, соҳиби ҷои сеюм ва ҷоизаи биринҷӣ гардид.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҷашнвораи мазкур кишварҳои Осиёи Марказиро Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кард.

Муҳаммад Шарифзода - сиркбози ҷавону умедбахши тоҷик, ки тибқи бурсия дар Омӯзишгоҳи сиркии ба номи Карандаши шаҳри Маскав таҳсил намуда, соли 2018 баъди хатми омӯзишгоҳ дар Сирки давлатии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Ҷоизаи вижаи ширинкори тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар озмуни байналмилалӣ дар Минск

Муҳаммади ҷавон аллакай дар чандин фестивалҳои байналмилалӣ номи Тоҷикистонро бардошта, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст.

Ҷоизаи аввалинро ӯ моҳи ноябри соли 2018 дар фестивали байналмилалии «Оянадаи сирк» дар шаҳри Лугански Ҷумҳурии Украина сазовор гардид. Доварони фестивал дар бахши эквилибр байни иштирокчиёни 15-20 сола аз 15 кишвари ҷаҳон ҷои аввалро лоиқи сиркбози тоҷик дониста буданд.

Салим Муъминов: дар Қӯрғонтеппа сирк бунёд мекунам

Муҳаммад Шарифзода дар 8-умин Фестивали байналмилалии сиркӣ «Фили тиллоӣ», ки аз 14 то 19 феврали соли 2019 дар шаҳри Жиронаи Испания баргузор гардида буд, иштирок карда ҷоизаи "Танқиди махсуси доварон" -ро ба даст оварда буд. Дар ҷашнвораи мазкур ба ӯ бар замми ҷоизаи номбурда боз ду тӯҳфа: Ҷоизаи махсус аз Ҷумҳурии Муғулистон ва Ҷоизаи махсус аз Федератсияи Россия супорида шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0