Академия расман Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷоизаи Нобел пешниҳод кард

© Академия гос управления при президенте РТПразднование Дня Президента в Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан
Празднование Дня Президента в Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон дар поёни як нишасти илмию маърифатӣ дар робита бо Рӯзи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷоизаи Нобел пешниҳод кард

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар иттилоияи нашршуда дар сафҳаи расмии Академия омадааст, ки Абдухалил Ғафурзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон таҷлили Рӯзи Президентро “қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоиставу бузурги Пешвои муаззами миллат” ва қабули Қонуни конститутсионии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат" - ро зарурати таърихие арзёбӣ кардааст, ки “аз нигоҳи талаби вақт, тақозои замон ва ҳақиқати ҳаёт татбиқи он амри зарурӣ ва айни муддао буд”.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба Ҷоизаи Нобел пешниҳод карданд

Фаридун Бобозода, декани факултаи муносибатҳои байнулмилалии Академия ташаббусҳои байналмилалии Эмомалӣ Раҳмонро муаррифии Тоҷикистон ҳамчун “давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявии ояндадор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ” тавсиф намудааст, ки зиёда аз 160 давлати дунё робитаи дипломатӣ кардааст ва 193 давлати ҷаҳон онро ба расмият шинохтааст.

Бино ба ин иттилоия, таҷлили Рӯзи Президент заминаи пешрафти истиқлолияти сиёсӣ буда, барои дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ, шинохту эҳтироми рамзҳои давлатӣ мусоидат менамояд.

“Дар охир Раёсати Академия ва донишҷӯён пешниҳод намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷоизаи Нобелии Сулҳ сарфароз гардонда шавад, зеро ҳамаи он талаботҳое, ки барои дарёфти ин ҷоизаи байналмилалӣ мавҷуд аст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорост”, - навиштааст сомонаи расмии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон.

 Як рӯзи қабл дар сафҳаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон дар Фейсбук ин хабар нашр шуда буд, ки пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон ба ҷоизаи сулҳи Нобел аз сӯи Афалшоҳ Бобозода, муовини декан ва Зарина Саидова, донишҷӯи соли сеюми факултаи муносибатҳои байналмилалии ин Академия дар як тандем – маърӯза, ё маърӯзаи муштарак эълон шудааст.

Таъйиди расмии ҳамчунин як пешниҳод Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ин тасмимро раҳбарияти Академия низ ҷонибдорӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0