ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин эълон намудааст, ки бо назардошти эҳтиёҷоти варзишкорон ба манзил ба Асрор Воҳидов ва Муҳаммадҷон Ёқубов аз маркази шаҳр қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо хоҳад кард.
Дар ин бора Иқбол Тешаев сухангӯи шаҳрдори Исфара иттилоъ додааст.
“Бо қадршиносии Қаҳрамонони арсаи варзиш дар сатҳи ҷаҳонӣ Асрор Воҳидов ва Муҳаммадҷон Ёқубов бо зикри саҳму нақши бузурги онҳо дар рушди соҳаи варзиш, муаррифӣ ва ҳифзи шаъну эътибори Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳонӣ изҳор дошт, ки бо назардошти эҳтиёҷоти онон ба манзил ва талаботи қонунгузории амалкунанда мақомоти шаҳри Исфара ба ин ду варзишгари номӣ аз маркази шаҳр қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо хоҳад кард”, - зикр намудааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки чанд рӯз қабл аз ин шаҳрдори Исфара Саломзода Сиҷоуддин якҷо бо зиёда аз 1000 нафар сокинони шаҳр Қаҳрамонони варзишро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргашта буданд, дар пешгоҳи Маҷмааи қабули меҳмонони фахрӣ – “Ваҳдат” гарм истиқбол гирифтанд.
Инчунин роҳбари “Осоишгоҳи Зумрад” Абдулмумин Ҳалимов ҳамчун сарпарасти доимӣ ҳар яке аз ҷаҳонпаҳлавононро бо маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида буд.