Баҳои баланди Файзалӣ Ҳасан ба фалаксароёни ансамбли навташкил дар Исфара

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРубаб, народные струнные музыкальные инструменты Таджикистана
Рубаб, народные струнные музыкальные инструменты Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Исфара ансамбли мардумии “Фалак” таъсис дода шуд, ки нахустин консерташро бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон манзури тамошобинон намудаст

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Файзалӣ Ҳасан, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки дар ин маҳфил ширкат дошт, дар назди ҳозирин ба ҳунару маҳорати фалаксароёни Исфара баҳои баланд дод, хабар додаст “Ховар”.

Гулчеҳра Содиқова - Sputnik Тоҷикистон
"Аз сад гул як гулам нашукуфтааст": модари санъати тоҷик Гулчеҳра Содиқова 78 сола шуд

Манбаъ зикр кардааст, ки  “Фалак”, мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик мебошад, ки тӯли асрҳо ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа кардааст. Дар суруди Фалак, асосан, рубоӣ ва ё дубайтие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум бошад.

Аз рӯи анъана Фалакро бо ҳамовозии созҳои мусиқии дутор (думбура), ғижак, най (тутак), сетор ва рубоби бадахшонӣ, бо ҳамсадоии дафу таблак иҷро мекунанд.

Жанри мусиқии Фалак ба ғайр аз Тоҷикистон, инчунин дар қисми шимолии Афғонистон ва якчанд вилоёти тоҷикнишини Покистону Ҳиндустон низ  маъмул аст.

“Албатта замина, таърихи пайдоиш ва таркиби Фалак ягона аст, вале бо назардошти тарзи иҷро, истифода аз созҳои гуногуни мусиқӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ Фалакро ба навъҳои даштӣ, роғӣ, дарвозӣ, афғонӣ, бадахшонӣ ва кӯҳистонӣ ҷудо мекунанд”, - омадааст дар матлаб.

Фалак – жанри озод буда, ҳамеша дар ташаккулу такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Яке аз хусусиятҳои хоси Фалак бадоҳатан иҷро гардидани он аст ва аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд.

Лентаи хабарҳо
0