Рӯзи 16 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1824 дарёи Муррей – дарозтарин дарё дар Австралия кашф шуд.
Соли 1906 дар Англия авввалин камера ихтироъ шуд.
Соли 1933 миёни ИМА ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муносиботи дипломатӣ барқарор гардид.
Соли 1946 дар Порис Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо таъсис ёфт.
Рӯзи 16 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Соли 2009 дар ҷараёни машварати корӣ Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки саҳмияҳои НБО "Роғун" ҳарчи зудтар омода карда шаванд, то аз рӯзҳои аввали соли 2010 онҳо баҳри ҷалби сармояи иловагӣ ба сохтмони ин иншооти тақдирсоз ба фурӯш бароварда шаванд.
Соли 2012 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Борбад”-и бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид.
Соли 2013 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудани роҳбари навинтихоби давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳи хосса доир шуд.
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе маросими ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Соли 2016 аввалин маротиба дар Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил карда шуда буд.
Ҷашнҳои рӯзи 16 ноябр
- Дар Тоҷикистон – Рӯзи Президент.
- Рӯзи байналмилалии пуртоқатӣ.
- Дар Украина – Рӯзи кормандони радио, телевизион ва алоқа.
Рӯзи 16 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1937 – доктори илмҳои таърихшиносӣ Юсуфшо Яъқубов.
Соли 1939-2018 – олим-таърихшинос, академик Раҳим Масов.
Соли 1947 – овозхон София Бадалбоева.