ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Узбакистон ҳаво уйларӣ" бинобар ноҷур шудани вазъи саломатии як сарнишин маҷбур шуд дар нимароҳ нишасти изтирорӣ анҷом диҳад.
Ҳавопаймои узбакистонӣ, ки самти Тошканд - Истамбул парвоз дошт, ба далели бад шудани аҳволи як сарнишин дар шаҳри Миниралний Водаи Русия ба таври оҷил фуруд омад.
Ҳинни фуруд омадани сарнишини мариз. кормандони тиб ӯро муоина ва ба бемористон интиқол доданд. Ҳавопаймо бошад бо каме таъхиркорӣ, боқимонда сарнишинҳоро ба шаҳри Истамбули Туркия расонд.
Фуруди ширкати ҳавонавардии "Узбакистон ҳаво уйларӣ" маротиба нахуст набуда, аллакай давоми ду моҳи ахир ба сабабҳои номаълум ҳавопаймоҳҳои ин ширкат нишасти изтирорӣ анҷом медиҳанд.
Ҳанӯз рӯзи 9 - уми ноябр ҳавопаймои мазкур, ки самти Маскав - Фарғона парвоз дошт, аз сабаби бад шудани аҳволи сарнишин дар шаҳри Самара фуруд омад.
Ҳавопаймои "Сомон Эйр" дар Душанбе нишасти изтирорӣ анҷом дод
Он замон ба табибон муяссар нашуд, то ҷони сарнишинро аз дами марг наҷот диҳанд. Гуфта мешавад, сарнишини ҳавопаймо ба сактаи қалбӣ гирифтор шуд ва ҷон аз даст дод.