ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорат корҳои дохила, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, роҳбари ҶДММ “Сомон-транс-Логистик” бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст.
Ҷанҷоли зану шавҳар бо латукӯбу кордкашӣ анҷом ёфт
Гуфта мешавад, ки номбурда, рӯзи 15-уми нояби соли 2019, тахминан соати 09:00, дар кӯчаи А. Ваҳҳобови шаҳри Хуҷанд бо марди 22-солаи сокини ҳамин шаҳр аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол кардааст.
Шавҳар ба мақомоти милиса муроҷиат кард, ки аз калтакҳои ҳамсар халосаш кунанд...
Дар паи ҷанҷол роҳбари ҶДММ “Сомон-транс-Логистик”, 1-маротиба бо воситаи оҳанпора ба сар ва дасти рости марди 22-сола задааст.
"Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома.
Дар Панҷакент падарандар фарзанди ӯгайи худро лату кӯб намуда кушт
Манбаъ афзуда, ки зз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.