Раисҷумҳури Сербия Александр Вучичро оҷилан ба беморхона интиқол доданд

© REUTERS \ MARKO DJURICAПрезидент Сербии Александр Вучич
Президент Сербии Александр Вучич - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Сербия Александр Вичуч, ки гирифтори бемории қалб аст, ба таври изтирорӣ ба беморхона интиқол дода шуд

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Сербия Александр Вучич бар асари  хурӯҷи бемории қалб бистарии беморхона гардид. Сиёсатмадор дар шӯъбаи кардиологии Академияи ҳарбии тиббӣ табобат мегирад, иттилоъ додааст маъмурияти сарвари давлати Сербия.

Истиқболи гарми Макрон дар Қасри Элисей аз Аълоҳазрат Оқохони lV  - Sputnik Тоҷикистон
Истиқболи Макрон аз Аълоҳазрат Оқохони lV дар Қасри Элисей - видео

Котиби генералии раисҷумҳури Сербия ба шаҳрвандони кишвар аз вазъи саломатии раисҷумҳур иттилоъ дода афзудаст, ки Александр Вучич рӯзи 15 ноябр ба Академияи тиббии ҳарбӣ бинобар маризии  дилу раг интиқол ёфт ва бистарии беморхона гардид.

Зимнан, маъмурияти раисҷумҳур афзудааст, ки феълан вазъи саломатии Вичуч мӯътадил арзёбӣ мешавад.

Як соли президентӣ: аксҳои хотирмон аз Владимир Путин

Вучич, ки ҳоло 49-сол дорад, соли 2014 сарвазири Сербия интихоб шуда, сипас дар соли 2017 дар курсии кишвардори Сербия нишаст.

Қобили зикр аст, ки Раисҷумҳури Сербия Алексндр Вичуч тоза аз ҳамоиши Порис оид сулҳ, ки кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар кори  он иштирок намуда буд, баргаштаст.

Лентаи хабарҳо
0