Насиҳати Ҳабиб Нурмуҳаммадов барои тарбияи "дуруст" - и фарзанд - видео

Обуна шудан
Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар Краснодар бо ҳаводорони худ дидору мулоқот кард. Барои дидани Ҳабиб наврасон ва кӯдакон низ омада буданд

Варзишкор дар ин дидор ба волидон дар роҳи тарбияи фарзандон чанд маслиҳат дод:

"Ман мегӯям, ки волидон бод барои фарзандони худ намунаи ибрат бошанд. Онҳо маҷбур кунанд, ки фарзандонашон хонанд, машқ кунанд, реҷаи муайян барояшон бисозанд", - гуфт Ҳабиб.

Ба гуфти ӯ кӯдакон набояд вақти холӣ дошта бошанд.

"Вақти холӣ  барои кӯдакон  - хатарноктарин аст", - бовар дорад Ҳабиб.
Хабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором - Sputnik Тоҷикистон
Ба ҳамсараш дар кӯдакӣ ошиқ шуд - 8 далел аз ҳаёти Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Ҳабиб 20 сентябри соли 1988 дар деҳаи Силди дар Доғистон (Русия) ба дунё омадааст. Милаташ авар. Падараш Абдулманап Нурмуҳаммадов — қаҳрамони Украина оид ба самбо, бародари падараш  — қаҳамони ҷаҳон оид ба самбо мебошад. Ҳамроҳи бародари хурдиаш Абубакр Ҳабиб таҳти раҳбарии падар дар панҷсолагӣ ба тамрин оғоз кардааст.

 

Ҳабиб дар 23-солагӣ хонадор шуд. Дар маросими арӯсии варзишкори машҳур 1200 меҳмон ҷамъ омадааст. Рӯйи арӯс мувофиқи расму русум пӯшонида буд. Акси ҳамсари Ҳабибро бо рӯйи пӯшида дида Макгрегор ӯро "сачоқ" - гуфта таҳқир кард, вале баъдтар ин шарҳашро тоза кард.

То ҳол корбарони интернет намуди зоҳирии ҳамсари Ҳабибро намедонанд.

Соли 2015 ҷуфти хушбахт соҳиби духтарча бо номи Фотима шуданд. Соли 2017 бошад соҳиби писар - Муҳаммад шуданд. Писари Ҳабиб таҳти раҳбарии бобо ба воя мерасад ва аллакай ба тамрин машғул мешавад. Дар баробари ин Абдуманап Нурмуҳаммадов ба рӯзноманигорон гуфт, ки дар хонаводаи онҳо интизори меҳмони нав ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0