Чор маслиҳати КҲФ барои зебо будан ва бемор нашудан дар тирамоҳ

© Sputnik / Амир ИсаевЗима в Душанбе
Зима в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Моҳи ноябр ҳам ба поён мерасад ва рӯзҳо кутоҳу шабҳо дароз мешаванд. Дамои ҳаво ва об торафт поён меравад. Соатҳои кӯтоҳи рӯзона ва ҳавои хунук на танҳо моро парешон мекунанд, балки метавонанд ба бемориҳо мубтало созанд

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои шаҳрвандон чанд маслиҳатеро ироа мекунад, то дар мавсими сармо ба ҳар гуна бемориҳо гирифтор нашаванд ва зебо бимонанд.

Ин маслиҳатҳо хеле оддӣ ва иҷрои онҳо заҳмати зиёдро талаб намекунад, вале метавонад шуморо аз гирифтор шудан ба бемориҳо наҷот диҳад.

Тележка с продуктами в магазине - Sputnik Тоҷикистон
Даҳ ғизо, ки инсонро ҷавон нигоҳ медорад

Хобатонро танзим кунед

Хоби бароҳати кофӣ барои мубориза бо эҳсоси заъфу сустӣ хеле муҳим аст ва он бадани шуморо аз ҳар гуна ноҷӯриҳо ҳифозат мекунад. 

Кӯшиш кунед, вақти шабонарӯзии хобро риоя намоед. Масалан, тақрибан ҳашт соат вақт ҷудо кунед ва кӯшиш намоед, ки он ба як одати хоби ҳамарӯзии шумо табдил шавад.

Ҳама таҷҳизоти электрониву барқиро тақрибан ду соат пеш аз он ки хоб меравед, хомӯш намоед ва ин метавонад ба шумо имкон диҳад, ки хоби бароҳат равед.

Исбот шудааст, ки  нури гулобӣ эҳсоси хоболудагиро дар бадани мо саркӯб мекунад. 

Бештар ба сайругашт равед

Ба муҷарради он ки рӯзҳо кутоҳ мешаванд, мо камбуди нурҳои хуршедро эҳсос мекунем ва ин ба он маъност, ки мағзи сар гармонҳои зиёд тавлид мекунад, ки мелатонин номида мешавад ва он шуморо хоболуд мекунад.

Ҳатто сайругашти кутоҳ ҳангоми танаффуси нисфирӯзӣ метавонад вазъияти шуморо тағйир диҳад ва шумо бовар ҳосил мекунед, ки ҳолати хонаву кор бароятон ба ҳадди имконпазир сабуку роҳатдиҳанда аст.

Показ Haute couture в комлексе Заркайнар в рамках Uzbekistan Fashion Week - Sputnik Тоҷикистон
Олимон хатари бараҳна кардани буҷулаки пойро гуфтанд

Бештар витамин истеъмол намоед

Меваву сабзавоти тоза беҳтарин манбаъи витамини “С” ҳастанд, ки аз муқовимати табии шумо, устувории сироятпазирӣ ва ҳуҷайраҳо ҳимоят мекунанд.

Витамини C сироятнопазириро тавассути тавлиди ҳуҷайраҳои хун тақвият медиҳад ва организмро аз сирояти бемориҳо муҳофизат мекунад. 

Тарзи ҳаёти солим дошта бошед

Варзиш ва кори ҷисмонӣ  мумкин аст охирин коре бошад, ки  мехоҳед дар ҳангоми шабҳои торик ва сард вақте эҳсоси хастагӣ мекунед, анҷом диҳед. 

Аммо шумо шояд аз он дар тааҷҷуб шавед, ки баъди варзиш то куҷо худро нерӯманду бақувват ҳисс менамоед. Монанди парҳез ё низоми ғизои солим  варзиш метавонад куллан ба саломатӣ мусоидат намояд, бахусус сироятнопазириро тақвият бахшад.

Шумо на танҳо эҳсос мекунед, ки аз нерӯи солим пур шудаед, балки метавонед бо ҳар  афзоиши эҳтимолии вазни худ дар шароити зимистон мубориза баред. Ва ин мубориза хеле самаровар ҳам хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0