Баҳси марзӣ: Олимзода бо вазири умури хориҷии Қирғизистон масъалаи марзро баррасӣ кард

© МИД Кыргызской РеспубликиМинистр иностранных дел Кыргызстана Чингиз Айдарбеков и Посол Таджикистана в Кыргызстане Сухроб Ходжа Олимзода.
Министр иностранных дел Кыргызстана Чингиз Айдарбеков и Посол Таджикистана в Кыргызстане Сухроб Ходжа Олимзода. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Қирғизистон барои баррасии масоили марзӣ, сафири фавқуллодаи Тоҷикистон дар Қирғизистон Сӯҳроб Олимзодаро даъват намуд

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Қирғизистон иттилоъ медиҳад, ки роҳбари ин ниҳод Чингиз Айдарбеков барои ҳалли демаркатсияи сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон,  сафири фавқуллодаи тоҷик дар Бишкек Сӯҳроб Олимзодаро даъват намуд.

Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области. - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо: баҳси марзӣ ахиран анҷом ёфт, қирғизҳо дидбонгоҳро мекананд, тоҷикон намесозанд

Манбаъ меафзояд, ки ҷонибҳо масъалаҳои мубрами дуҷонибаи муносибатҳои Қирғизистон ва Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Олимзода ва Айдарбеков санҷиши иҷрои созишномаҳои марбут ба демаркатмия ва делимитатсияи сарҳадотро баррасӣ карданд ва муайян намуданд, ки созишҳо то кадом сатҳ анҷом дода шудаанд.

Баҳси марзӣ: вокуниши Тоҷикистон ба Қирғизистон аз сохтмони постгоҳ дар роҳи Исфара-Ворух

Аз ҷумла, ҷонибҳо зарурати тезонидани ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба ҳалли қарори сарҳади Қирғизистону Тоҷикистонро қайд карданд.

Таваҷҷӯҳи махсус ба масъалаҳои фаъолияти муштарак баҳри таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб зоҳир гардид.

Баҳси марзӣ: қирғизҳо барои тоза кардани варзишгоҳ монеъ шудаанд

Зимнан, сафир тоҷик Сӯҳроб Олимзода барои ҳамкориҳои судманди муштарак ба вазири қирғиз миннатдорӣ изҳор намуда, дар бораи корҳои ба нақша гирифташуда, ки ба густариши муносибатҳои дуҷониба мусоидат мекунад, гузориш дод.

Лентаи хабарҳо
0