Миёнаҳои моҳи апрели соли 2016 парлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонун сафи рӯзҳои ҷашниро бо эълони Рӯзи президенти Тоҷикистон, бештар кард.
Тибқи қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" 16 ноябр ҷашни давлатӣ ба шумор меравад, вале рӯзи таътил нест.
Ҳолномаи раисҷумҳури Тоҷикистон- Эмомалӣ Раҳмон
Интихоби таърихи 16-уми ноябр барои таҷлили Рӯзи президент, таърихи худро дорад. Маҳз дар ҳамин рӯз Иҷлосияи тақдирсоз - XVI - уми Шӯрои олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он ҷо Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯро интихоб гардид.
Аз соли 1994 инҷониб, Эмомалӣ Раҳмон президенти ягонаи Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ӯ дар чаҳор даври интихоботи президентӣ бо гирифтани бештарин овоз пирӯз шудааст.
Ҳамин тавр, аз соли 2016 инҷониб 16 уми ноябр ҷашни муҳими сиёсӣ ба шумор меравад. Дар ин рӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ шаҳру навоҳӣ чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва оммавӣ баргузор мешаванд.
Даҳ тасмими муҳими сиёсии Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз муҳимтарин хизмати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик барқарор кардани сулҳу суботи комил ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дорои унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мебошад.
Қаҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999), оиладор ва падари нӯҳ фарзанд мебошад.












