ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Худи нависанда дар таъйиди ин хабар ба Sputnik ТОҷикистон гуфт, баргардони роман аз сириллик ба форсӣ тариқи компутар анҷом ёфта, нависахонӣ ва тавзеҳоти онро Ҳасани Қарибӣ, як шоир ва муҳаққиқи эронӣ анҷом додааст.
"Матни роман бидуни веростории хос чоп шуда ва фақат як чанд вожаи барои эрониёни кунунӣ номафҳум дар поварақӣ шарҳ дода шудаанд. Он чӣ афзуда шудааст, сарсухане аз Ҳасани Қарибӣ аст" – гуфт нависанда.
Нашриёти "Арван" то имрӯз чанд китоби Садриддидини Айнӣ, "Андешаҳои фалсафии Носири Хусрав" - и Нозирҷон Арабзода ва "Моҷарои рафта"-и Абдухалил Холиқзодаро низ чоп карда буд. “Пойҳо ва рӯйҳо” – и Қодири Рустам соли пеш дар Душанбе ба хатти сирилик чоп шуда буд.
“Мудирияти ин нашриётро Шаҳроми Султонӣ ба зимма дорад, ки барои таҳкими равобити фарҳангию адабии ду мардуми форсизабони тоҷику эронӣ корҳои шоистае анҷом додааст” – гуфт Қодири Рустам.
"Пойҳо ва рӯйҳо" бо теъдоди 1100 нусха ва сармоягузории худи ношир нашр шудааст.
"Суде моддӣ барои ман надорад, ба ҷуз ин ки қарор аст 10 нусха бароям бидиҳанд. Аммо ин як хабари хуш барои ман аст", - мегӯяд нависанда.