Туркия 21 тоҷикистонии узви ДОИШ-ро ба Тоҷикистон истирдод мекунад

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкСирийские беженцы в Стамбуле
Сирийские беженцы в Стамбуле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар феҳрасти истирдодшавандаҳо ба ҷузъ аз доишиёни тоҷик ҳамчун қазоқу қирғизҳо, туркману узбак ва афғонҳо низ қарор доранд

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ҳукумати Туркия тасмим гирифтаст, шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҷурми узвият дар созмони террористии ДОИШ дар қаламрави он кишвар боздошт шуда буданд, бозпас ба ватани онҳо истирдод кунад, хабар медиҳад нашрияи туркии Hurriyet.

Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эрдуғон аз боздошти ҳамсари ал-Бағдодӣ, роҳбари ДОИШ эълон кард

Манбаъ меафзояд, ки давоми соли ҷорӣ ҳукумати ин кишвар наздики 1201 амалиёти дастгир намудани террористони доиширо пиёда намуда буд.

Туркия таҳдидҳои Трампро нодида гирифта ӯро сиёсатмадори ноӯҳдабаро номид

Дар ҷараёни ин амалиётҳо,  дасти кам 959 нафар ҷонибдорони ин созмони мамнӯъ боздошт гардиданд. Гуфта мешавад, миёни муттаҳамон ба узвияти ДОИШ, ки дар Туркия боздошт шуда буданд,  21 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд.

Гузашта аз ин,  дар феҳрасти истирдодшавандаҳо 297 шаҳрванди Ироқ, 273 нафар аз Сурия, 99 шаҳрванди Русия ва  82 шаҳрванди Узбакистон  қарор доранд.

Мақомоти Узбакистон 235 шаҳрвандашро аз Сурияву Ироқ боз мегардонад

Ҳамзамон дар байни шаҳрвандони истирдодшуда миллатҳои Олмон, Украина, Нидерландия, Фаронса, Дания, Австрия, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Миср, Тунис, Эрон, Либия, Британияи Кабир, Амрико ва Австралия низ мебошанд. 

Манбаъ мегӯяд, ихроҷи  шаҳрвандони хориҷ аз Туркия авохири моҳи ноябр сурат мегира.

Лентаи хабарҳо
0