Трамп ва Эрдуғон барои С-400 русӣ ҷанҷол намекунанд - навор

Обуна шудан
Доналд Трамп ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон атрофи техникаҳои ҳарбии С-400, ки аз Русия ба Туркия таҳвил ёфта буданд гуфтушунид анҷом доданд

Чанде пеш аз Русия ба Туркия якчанд техникаи ҳарбии С-400 таҳвил дода буданд, ки ин ба гуфтаи сиёсатшиносони соҳаи низомӣ  Трампро безобита кардааст.

Аз ҷониби Туркия ба даст овардани техникаҳои ҳарбии навъи С-400 ба муносибатҳои Амрико бо Туркия таъсири худро мерасонад, гуфтааст роҳбари Амрико, Доналд Трамп дар нишасти матбуотии дуҷониба бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон.

Вобаста ба ин роҳбарони кишварҳо ба хулосае омадаанд, ки масоили вобаста ба С-400 баррасӣ хоҳанд кард.

“Мо ба таври ҳамешагӣ ин масъаларо баррасӣ мекунем, имрӯз баррасӣ кардем ва боз баррасӣ хоҳем кард”, - таъкид кард Трамп.

Роҳбари ИМА илова кардааст, ки ӯ бо Эрдуғон дар якҷоягӣ аз Вазирони умури хориҷа ва мушовирони амниятии ҳарду кишвар хоҳиш кардем, ки дар ҳол барои кори худро оиди иҷозаи фаъолияти техникаҳои С-400 шуруъ кунанд.

Созишнома миёни Анқара бо Русия оид ба харидории техникаҳои ҳарбии С-400 ин мушкилиҳо дар муносибатҳои Амрико бо Анкараро ба бор меорад.

Ҷониби Амрико ба Туркия пешниҳод карда буданд, ки аз харидории С-400 русӣ даст кашад ва аз техникаи ҳарбии амрикоии навъи Patriot харидори намояд.

Ҳамчунин ҷониби Амрико ба Туркия таҳдид карда буд, ки агар аз харидории техникаҳои русӣ даст накашад, фурӯши “истребител”-ҳои F-35 ба ӯ манъ карда мешаванд ва нисбаташ таҳримҳо баста хоҳанд шуд. Аммо Туркия то ҳол аз тасмимаш даст накашидааст.

Лентаи хабарҳо
0