Кордкашӣ дар бозори “Панҷшанбе”

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкБазар "Панчшанбе" в городе Худжанде Таджикистан, архивное фото
Базар Панчшанбе в городе Худжанде Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати кордзанӣ дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки дар натиҷа як нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, ҳодиса баъди зуҳри 14-уми ноябр, тақрибан соати 15:30 дақиқа рух додааст.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси ду тоҷири тоҷик дар бозори Бишкек ба марги яке аз онҳо анҷомид

Манбаъ афзуд, ки дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса марди 47-сола, сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

“Номбурда, рӯзи 14-уми ноябр, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд бо марди 31-солаи сокини шаҳри Гулистон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, 1-маротиба бо корд ба шикамаш задааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Мақомоти умури дохилӣ афзуданд, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ба иттилои ВУД, нисбати муттаҳам бар асоси моддаи 110 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0