Исломшиноси №1 аз “вуқуфи малакутӣ” – и Эмомалӣ Раҳмон гуфт

© Sputnik / Evgeniy Odinokov / Гузариш ба медиабонкМусульманин перед намазом в день праздника Ураза-байрам у Соборной мечети в Москве
Мусульманин перед намазом в день праздника Ураза-байрам у Соборной мечети в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Файзулло Баротзода, мудири Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон суханони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар иҷлоси 16-уми Шӯрои Олӣ ба “вуқуфи малакутӣ” ва расидани ӯ ба қудратро “бози давлат” арзёбӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik.  Файзулло Баротзода зимни як матлаб дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар остонаи солгарди Иҷлосияи XVI – и Шӯрои Олии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи Президент ба сиёсатҳои динии Эмомалӣ Раҳмон пардохта, менигорад, ки аз аввалин суханони ӯ - “Ман ба шумо сулҳ меорам” дар он иҷлосияи таърихӣ ҷомиаи Тоҷикистон “ҳушёру бедор” шудааст.

Президент РТ Эмомали Рахмон и мэр города Душанбе Рустам Эмомали на праздновании дня независимости - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Рустами Эмомалӣ барои таҷлили Рӯзи Президент

“Аҳли толор ҳамин суханро ончунон пазируфтанд, ки гӯё пештар ҳаргиз онро нашунида буданд. Як муждаи тозае танинандоз шуд, ки онро дар фалсафаи ирфонӣ вуқуфи малакутӣ ва дар урфи мардумӣ бози давлат мегӯянд. Ин шахсият Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд. Қазову қадар, тақдиру қисмат, иродату машийяти илоҳӣ ва ихлосу бовари мардумӣ чунин ҳукм карда буд, ки бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини ваҳдати пойдори марзу буми Ватани аҷдодӣ бо сарварии ҳамин фарзанди оқилу огоҳ ва фурӯтану ватандӯст таҳаққуқ пазирад” – менависад директори Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, Эмомалӣ Раҳмонро раиси Шӯрои Олӣ, амалан раҳбари Тоҷикистон интихоб кард ва ба ҳукумати ӯ поя гузоштааст.

Соли 2016 парлумони Тоҷикистон бо тасвиби тағйирот ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” дар кишвар иди нав – Рӯзи Президентро ҷорӣ кард, ки ба рӯзи баргузории Иҷлоси 16-уми Шӯрои олӣ дар соли 1992 рост меояд. Моҳи ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 16-уми Шӯрои олӣ ба мақоми роҳбари Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Рӯзи раисиҷумҳур ҳамасола 16 ноябр бидуни истироҳат таҷлил мегардад.

Лентаи хабарҳо
0