ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Рӯзи 13 ноябри соли 2019 ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбакистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғара сафар намуданд.
Бино ба гузориши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, меҳмононро дар ин сафар муовини аввали вазири фарҳанг Обидҷон Назариён ва сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ҳамроҳӣ кардаанд.
Дар назди Қасри Данғара ҳайати Узбакистонро муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ва аҳли фарҳангу ҳунари ноҳия таҳти навои мусиқӣ бо нону асал ва гулдастаҳо пешвоз гирифтаанд.
Меҳмонон аз толори китобхона ва осорхонаи Қасри фарҳанг дидан намуданд. Баъди тамошои қаср вохӯрии расмии муовини раиси вилояти хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ва мушовири вазири фарҳанги Узбакистон Мавлуда Аскархӯҷаева сурат гирифтааст.
Тибқи иттилои манбаъ дар ин дидор, масъалаҳои таҳкими робитаҳо ва кушодани роҳҳои ҳамкориҳои вилоят ва ноҳия бо Узбакистон дар ҳама соҳаҳо баррасӣ гардидаанд.
Ҳайати расмии меҳмонон бо роҳбарии раиси ноҳия ба Донишгоҳи давлатии Данғара рафта бо ректори донишгоҳ Шоҳиён Нуралӣ вохӯрдаанд.
Меҳмонон инчунин дар толори фарҳангии донишгоҳ бо донишҷӯён мулоқот намуда, оид ба шароити таҳсил ва равияҳои тахассусӣ дар ин муассисаи олии таълимӣ маълумот гирифтаанд. Зикр гардидааст, ки дар донишгоҳи мазкур беш аз 80 нафар донишҷӯён аз Узбакистон таҳсил менамоянд.
Пасон дар Қасри фарҳанг бо суханронии раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ва сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов барномаи бошукӯҳи фарҳангии Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон шурӯъ гардидааст.
Сафир зикр намудааст, ки дар як соли охир 1700 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба Узбакистон ва тақрибан ҳамин қадар шаҳрвандони Узбакистон ба Тоҷикистон сафар намудаанд.
"Халқи тоҷик ва ӯзбек аз қадим дар ҳамсоягиву бародарӣ зиста, урфу одат, анъана, тарзи рӯзғордории ягона доранд. Дар дунё мисли халқҳои тоҷику ӯзбек дигар ду халқе нест, ки то ин андоза бо ҳам дӯсти наздик бошанд", - гуфтааст сафир.
Манбаъ афзуда, ки оҳанги дилнавози узбакӣ, рақсу суруди ҷаззоби диданӣ манзури аҳли толор гардидааст.
Хусусан ҳунарнамоии Ҳунарпешаҳои халқии Узбакистон Абдуҳошим Исмоилов, Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, ҳунарпешаҳо Озода Нурсаидова ва Нафиса Фармонова, ансамли “Мақом” ва ансамбли рақсии “Тошкент Зеболарӣ” аҳли толорро мафтун намудаанд.