ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, бори нахуст дастаи хонандагони болаёқат аз ҳисоби муҳассилини муассисаҳои таълимии вилоят ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати иштирок дар озмуни байналмилалӣ сафарбар гардиданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ба шаҳри Дубайи Парвиз Очилзода – хонандаи Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии шаҳри Хуҷанд, Нафиса Қобилзода - хонандаи МТҒ “Ирфон”-и шаҳри Хуҷанд, Манучеҳр Набиев – хонандаи муассисаи таълимии Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон таҳти роҳбарии Фирдавс Ашӯрматов - директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд сафарбар гардиданд.
Тибқи иттилои манбаъ, озмуни мазкур бо иштироки намояндагони 197 кишвари олам таи 4 рӯз дар маҷмааи фарҳангӣ-варзишии “Фестивал Арена Дубай” давом кард.
Озмуни ҷаҳонии “Роботтехника” аз рӯи шаш бахш баргузор гардида, дастаи хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар бахшҳои “Робот-инжинеринг” ва “Стратегия” ширкат варзида, роботи сохтаи худро, ки дорои 16 амалиёт мебошад, муаррифӣ намуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷамбасти озмун дастаи хонандагони болаёқати Тоҷикистон аз бахши “Стратегия” ба гирифтани мақоми дуюм сазовор гардид. Дар бахши “Робот – инжинеринг” даста бо Ифтихорномаи кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардонида шуд.
Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд қайд намудааст, ки дастовард аввалин комёбии хонандаҳои мактаби кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ доир ба ин ришта маҳсуб мегардад.
Инчунин, муваффақияти дигари дастаи Тоҷикистон ин ба узвияти комилҳуқуқи олимпиадаи ҷаҳонии “First global” шомил шудани он мебошад.
Тибқи иттилои манбаъ, ин амр имкон медиҳад ҳамасола дастаи хонандагони болаёқати мо дар тамоми озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби ин созмони бонуфузи амрикоӣ созмон меёбад, бевосита иштирок намуда, шарафи кишварро ҳимоя намоянд.
Ҳамзамон дар рӯзи ҷамъбасти озмун тамоми ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар маросими ҷамъбасти озмун даъват гардида, аз ҷониби намояндаи кишвари Тоҷикистон бо ширкатҳои бонуфузи сохтмонии дунё “Эмар”-и шаҳри Дубай ва “The first group”-и Британияи Кабир дар самти пешниҳоди лоиҳаҳои сохтмонии биноҳо қарордод ба тавсиб расид.
“Дар асоси ин қарордод хонандагони болаёқати вилояти Суғд намои тарҳи биноҳо ва лоиҳаҳои сохтмониро муаррифӣ менамоянд. Дар сурати мақбул дониста шудани лоиҳаҳои мазкур онҳо аз ҷониби ин ду ширкати бонуфуз харидорӣ хоҳанд шуд”,- зикр кард манбаъ.