Номаи Хилватшоҳ Маҳмуд ба Ёдгор Файзов ва Фарҳод Раҳимӣ

© Россия для всехДиректор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото
Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон, Хилватшоҳ Маҳмуд дар остонаи 80-солагии зодрӯзи академик Раҳим Масов ба унвони раиси ВМКБ Ёдгор Файзов, Президенти Академияи улуми ҶТ Фарҳод Раҳимӣ ва раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббор Қосим нома навиштааст

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Хилватшоҳ Маҳмуд аз роҳбарону масъулини ҳукумату ниҳоди олитарини илмии кишвар дархост намудааст, ки дар остонаи 80-солагии профессор, академик Раҳим Масов ба хотири гиромидошти ному кору пайкори ӯ дар зодгоҳу макони таҳсилоташ - ноҳияи Ванҷу шаҳри Хоруғ лавҳаи ёдгорӣ насб намуда, кӯча ва мактаби таҳсилкардааш ба номи Масов гузошта шавад.

Зиндагиномаи Раҳим Масов

Раҳим Масов 16 ноябри соли 1939 дар маҳаллаи Скосм, деҳаи Мдехарв-и ноҳияи Ванҷ-и ВМКБ ба дунё омада, маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас барои идомаи таҳсил ба Хонаи бачагони шаҳри Хоруғ меравад.

Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Академик Раҳим Масовро ба шӯъбаи эҳёгарии бемористон бурдаанд

Соли 1951 пас аз хатми мактаби мазкур аз маркази маъмурии ВМКБ ба шаҳри Душанбе омада, таҳсилоти миёнаро дар мактаби махсуси рақами 15 (барои талабагони болаёқат) дар соли 1956 ба анҷом мерасонад.

Соли 1961 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси таърихшинос хатм карда, дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикстон ба кор оғоз намуд.

Солҳои 1988 то 2015 Раҳим Масов роҳбарии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Раҳим Масов ба ҳайси аъзои Комиссияи оштии миллӣ (солҳои 1995-2000) ба набзу дастгоҳи сиёсии ҷумҳурӣ алоқамандии бевоситаи касбӣ дошт. Аз ин рӯ, ӯ чун сиёсатмадор дар қатори маъруфтарин ходимони сиёсию ҷамъиятӣ қарор дорад.

Вазифаҳои илмию ҷамъиятӣ: узви Комиссияи омӯзиши ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон, аъзои ҳайати таҳририяи сарредаксияи "Энсиклопедия тоҷик", узви Комиссияи давлатии дарёфти мукофоти ба номи Абуалӣ ибни Сино, сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ-омавии "Мероси ниёгон", муҳаррири масъули "Таърихи халқи тоҷик" ва даҳҳо китобҳои рӯи чоп дидаву омодаи нашргашта, раиси Шӯрои дифои рисолаҳои докторӣ аз рӯи тахассуси таърихи Ватан ва таърихнигории назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ва боз чандин масъулияти расмию ғайрирасмии илмию ҷамъиятӣ.
Зери назари академик Масов беш аз 20 нафар рисолаҳои илмӣ ҳимоя карда, пояҳои таърихи миллатро устувору побарҷо нигоҳ медоранд.

Аз фоҷиаи миллӣ то "Таърихи табартақсим"

Кору номи академик Раҳим Масов, собиқ раиси Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улуми Тоҷикистон тақрибан барои ҳамаи мардуми кишвар ва бештари сокинони Осиёи Миёнаву давлатҳои шӯравии собиқ ошност.

Похороны Академика Рахима Масова в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Академик Раҳим Масовро дар "Лучоб" ба хок супориданд

Таърихшиноси маъруфи тоҷик бо тадқиқот ва пажӯҳишҳои ҷиддиву доманадори худ, бахусус, дар масъалаи тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна дар оғози садаи ХХ ва беадолатиҳои ҳокимони давру низоми болшевикӣ дар нисбати тоҷикон, инчунин мавқеъгирии устувору дурусташ шинохта шуда, ҷойгоҳи хоссаеро дар доираҳои илмӣ касб кардааст.

Осори гаронбаҳову пурарзиши академик Раҳим Масов дар асари сегонаи ӯ бо номи “Тоҷикон, таърихи фоҷиаи миллӣ” гирдоварӣ шуда, китобҳои таърихӣ-илмии “Таърихи табартақсим”, “Тоҷикон, бо “мӯҳри комилан сиррӣ” ва “Тоҷикон: фишороварӣ ва ассимилиятсия” шомили ин асари сегона мебошанд.

Аввалин падидаҳои ин усули ҳақиқатнигории таърихӣ дар таҳқиқоти бунёдии "Таърихнигории Тоҷикистони шӯравӣ" (1978), "Таърихи илми таърих ва таърихнигории сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон" (1988) ва дигар китобу мақолаҳои муаллиф ба мушоҳида мерасад.

Маврид ба ёдоварист, дар соли 1991 ба нашр расидани китоби Раҳим Масов зери унвони "Таърихи табартақсим" бемуболиға гардише буд, дар тафаккури нави таърихнигории ҷумҳурӣ ва худшиносии миллати куҳанбунёди тоҷик.

Ин таҳқиқот ба диди наву фаҳмиши воқеъбинонаи омӯзиши таърихи миллат ибтидо гузошт. Чопи асари дигари ӯ (давоми мантиқии китоби аввал)- "Тоҷикон бо мӯҳри "комилан сиррӣ" ба даврае рост омад, ки (соли 1995) аз як тараф ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ идома дошт ва аз сӯи дигар раванди худогоҳии миллӣ боло мегирифт.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон даргузашти академик Раҳим Масовро таслият гуфт

Зимнан, китоби дигари академик Масов "Тоҷикон: фишороварӣ ва ассилимилятсия" (2003) исботи раванди раднашавандаи содиқ будани ӯ ба принсипи воқеъбинонаи ин ҳақиқатнигори таърих мебошад.

Раҳим Масов таърихи муосири ВМКБ-ро ҳамеша дар мадди назар нигоҳ медошт ва дар садри нигориши ин паҳлӯи таърих қарор гирифта буд. Ӯ аввалин шуда ба таҳқиқи таърихнигории Бадахшони Шӯравӣ машғул шуда, натиҷаи онро дар ду барориши (солҳои 1981—1985) китоби "Очеркҳо аз таърихи Бадахшони шӯравӣ" ба чоп расонд.

Китоби дигар (бо ҳаммуаллифӣ) "Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон соли 2011 рӯи чопро дидаааст.

Академик Раҳим Масов дар маҷмӯъ, муаллифи зиёда аз 500 асари илмӣ–оммавӣ ва 14 монография мебошад.

Ҳарчанд академик Раҳим Масов ба умдатарин масъалаҳои таърихи замони наву муосир таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад, вале таҳлили муттасили даврони ниҳоят печидаи эҳёи навини давлатдории тоҷиконро ҳамеша дар маркази назар нигоҳ медошт.

Ҷоиза ва нишонҳои академик Раҳим Масов

  • Ордени "Спитамен" (1999);
  • Ордени "Дӯстӣ" (2001);
  • Ордени "Ситораи Президенти Тоҷикистон" дараҷаи I (2009);
  • Медали ба номи М. В. Ломоносов (Академияи илмҳои Русия);
  • Медали ҷашнии "10-солагии Ҷаласаи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (2002);
  • Медали ҷашнии "20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (2011);
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1987);
  • Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2013);
  • Ҷоизаи байнидавлатии ИДМ "Ситораҳои Иттиҳод"
  • Нишони Фахрии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009);

Академик Раҳим Масов 21 июни соли 2018 дар синни 79-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашта, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд.

Лентаи хабарҳо
0