"Бги дега" манъ шуд: Суди олии Тоҷикистон сомонаҳои мамнӯъро эълон кард

© Sputnik / Амир ИсаевШермухаммад Шохиён
Шермухаммад Шохиён - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи олиии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия сомонаҳо ва саҳифаҳо дар Фейсбуку Ютубро ном бурдааст, ки ба иттилои ин ниҳод ба далели хидматашон ба “ташкилотҳои террористӣ-экстремистии Паймони миллӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ, “Гуруҳи 24” ва “Салафия” баста шудаанд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Додгоҳи Олӣ зикр намудаст, ки бо аризаи Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар “Паймони миллии Тоҷикистон”, иттиҳоди террористӣ экстремистӣ эътироф шуда, сомонаҳояш баста ва паҳни матолибу варақаҳои он мамнуъ гардидааст.

Шермухаммад Шохиен. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Суди Олӣ дархости аъзои “Гуруҳи – 24” барои иҷозаи фаъолиятро шарҳ дод

Додгоҳи олӣ бо нашри рӯйхат иттилоъ додаст, ки сомонаҳои интернетии бо номи наҳзат, востокнюз, кимиёи саодат, озодандишон, зиндониён ва даҳҳои дигар баста шудаанд.

Дар феҳрасти сомонаҳои мамнуъ инчунин саҳифаҳои фейсбукӣ ва шабакаҳои Ютуб, аз ҷумла “Бги дега” зикр шудаанд, ки тибқи эълони Додгоҳи олӣ ба ташкилоти террористӣ-экстремистии “Паймони миллии Тоҷикистон”, “Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон” ва дигар ташкилотҳои мамнуъ хизмат мекунанд. .

Моҳи август Додгоҳи олии Тоҷикистон ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро  иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф кард.

“Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон”, манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст”, - омада буд дар иттилоияи нашркардаи Додгоҳи Олӣ.

Лентаи хабарҳо
0