Клинтон дар мавриди пешниҳоди номзадии худ ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико гуфт

© Sputnik / Никита Шохов / Гузариш ба медиабонкХиллари Клинтон, архивное фото
Хиллари Клинтон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳилларӣ Клинтон иқрор шуд, ки пайваста дар бораи он фикр мекунад, ки агар дар интихоботи соли 2016 аз Доналд Трамп раъйи бештар мегирифт ва раисҷумҳур интихоб мешуд, чӣ гуна давлатро роҳбарӣ мекард

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Клинтон эҳтимолияти пешниҳод намудани номзадии худ ба интихоботи соли гузаштаи раёсатҷумҳурии Арикоро рад намекунад, аммо мегӯяд, ки то ҳол дар  ин маврид тасмими ниҳоӣ нагирифтааст, хабар медиҳад сомонаи BBC.

Хиллари Клинтон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Клинтон сабаби президенти ИМА нашуданашро гуфт

Сиёсатмадори амрикоӣ мегӯяд, ки фикри баргузида шудан ба маснади раёсатҷумҳурии Амрико дар интихоботи соли 2016 ӯро то ҳол  ором намегузорад.

Клинтон афзудааст, пайваста дар фикри он аст, ки агар ба ҷойи Доналд Трамп президенти Амрико интихоб мегардид,  чӣ гуна роҳбар мешуд.

Боз иштибоҳ: Трамп Зеленскийро раисҷумҳури Русия гуфт

Гуфта мешавад,  феълан 17 нафар аъзоёни Ҳизби Демократӣ азми иштирок намудан дар маъракаи интихоботии соли 2020 - ро эълон намудаанд.

Ҳиллари Клинтон бошад, дар ин бастагӣ қайд кардааст, ки вай таҳти фишори доимии одамоне қарор дорад, ки мехоҳанд ӯро дар байни номзадҳо ба маснади раёсатҷумҳурӣ бубинанд. Аммо, худи ӯ иқрор шудаст, ки айни замон тасмими ниҳоӣ бобати иштирок намудан дар маъракаи интихоботи президентиро нагирифтааст.

Қобили зикр аст, ки то ҳол рақибони асосӣ барои намояндагӣ кардани демократҳо дар интихоботи президентӣ, сиёсатмадорон Элизабет Уоррен, Ҷо Байден ва Берни Сандерс мебошанд.

Изҳори муҳаббати Доналд Трамп ба халқи рус

Ҳамчунин собиқ шаҳрдори Ню-Йорк, медиамагнат Майкл Блумберг низ ҳафтаи гузашта эълом намудааст, ки номзадии худро барои иштирок дар Интихоботи президентии соли 2020 пешниҳод мекунад.

Лентаи хабарҳо
0