ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Маҳдудияти имконоти таъмини кор ва сатҳи баланди камбизоатӣ дар деҳот дар Тоҷикистон хавфи ташаннуҷи вазъи иҷтимоиву иқтисодиро ба миён меорад, гуфта шудааст дар гузориши вижаи Бонки ҷаҳонӣ.
Таҳлилгарони ташкилоти қарзӣ таҳқиқотеро анҷом доданд, ки дар он хавф ва устувории иқтисоди Тоҷикистон аз таъсирҳои беруна таъкид шудааст.
Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ ташаннуҷи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон бархоста аз набуди амният дар кишвар ва ҳаммарзии он бо Афғонистон аст. Инчунин дар Тоҷикистон хавфҳои иҷтимоӣ вуҷуд доранд, ки аз сатҳи пасти хизматрасонӣ дар деҳот сурат мегиранд.
Дар навбати худ, Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст ба ҷумҳурӣ барои поин овардани хавфҳои гуногун кумак расонад. Ба ҳамин хотир, Бонки ҷаҳонӣ қасд дорад идораҳои дохилӣ дар Тоҷикистонро пурзур кунаду, гуфтугӯ бо аҳолиро ба роҳ монад, ҳамчунин сатҳи хизматрасонӣ ба ҷавононро беҳтар намояд. Инчунин ин ниҳоди молиявӣ тасмим дорад имкониятҳои нави иқтисодӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва агробизнесро ташкил намояд.
Дар ҳоли ҳозир, Бонки ҷаҳонӣ стратегияи наверо роҳандозӣ намудааст, ки дар он масоили осебпазирӣ, мухолифат ва хушунат дарбар гирифта шудааст. Мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ бар онанд, ки ин иқдом метавонад вазъи маблағгузориро барои ҳалли мушкилоте, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, беҳтар намояд.