“Валдай” мавқеашро иваз мекунад: маркази рушди дунё аз Ғарб ба Шарқ мекучад

Обуна шудан
Клуби машваратии байналмилалии “Валдай”, корашро дар шаҳри Самарқанд ба анҷом расонид. Баргузории чунин гуфтушунидҳо барои Русия, кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупо хело муфид дониста шуданд

Клуби машваратии “Валдай” имсол дар Осиёи Миёна баргузор гардид. Майдони баргузории ин чорабинӣ шаҳри Самарқанд интихоб шуда буд.

 “Барои мо самарқандиҳо боиси ифтихор аст, ки шаҳри мо дар Осиёи Миёна яке аз аавлинҳо шуда, аъзоёни чунин як клуби машҳур “Валдай”-ро мепазирад. Имрӯз дар ин толори фарҳанги иштирокчиён аз ҳар як гӯшаи дунё ҷамъ омада буданд”, - гуфт ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов.

Аъзоёни ин клуб баргузории ин чорабиниро дар ин шаҳр рамзӣ хонданд, чунки аз қадим Самарқанд ҳамчун макони илму тамаддун ба ҳисоб мерафт.

 “Мавзӯи конфронси мо – “Осиёи Марказӣ ва Авруосиё: ҳамкориҳои бисёрҷониба пеш аз вайроншавии тартиботи глобалӣ”, - қайд кард мудири институти таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти Ҷумҳурии Узбакистон Элдор Орипов.

Дар форум намояндагони 11 кишвари дунё, аз ҷумла аз кишварҳои Аврупо ширкат варзиданд, меҳмомнон на танҳо ҷараёнҳои сиёсию иқтисодиро баррасӣ намуданд, балки масоили амнияти Осиё ва Аврупоро матраҳ карданд.

Коршиносон “Валдай”-ро як майдони манфиатдор барои гуфтушунидҳои кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо Русия ва Аврупо хонданд дар ҳоле, ки дигар клубҳо аз ин кор худдори кардаистодаанд.

 “Аврупо ҳамкориҳои стратегияшро бо кишварҳое, ки аз ҳаракати худ ба сӯи демократияи ғарбӣ эълон мекунанд,  пиёда мекунад”, - тавзеҳ дод мудири илмии форуми Олмону Русия Александр Рар.

Маҳз барои ҳамин клуби “Валдай” солҳои охир мавқеашро дар гуфтугӯ бо намояндагони Осиё муайян кардааст. Ин минтақа дорои бойгариҳои зеризаминии зиёд аст ва рӯз аз рӯз пурқувваттар шудаистодааст.

 “Додугирифт миёни кишварҳои Осиёи миёнадар тули ду сол 20 дар сад афзудааст ва гоҳо (байни баъзе кишварҳои минтақа) то 100%, мана ин натиҷа аст”, гуфт доктори илмҳои сиёсӣ, собиқ котиби кулли СҲШ Рашид Алимов.

Аз рӯи пешгӯиҳо институтҳои ҷаҳонӣ маҳз дар Осиё бунёд шудаистодаанд, на дар Аврупо. Нуқтаи руш аз Ғарб ба Шарқ ҳаракат дорад.  

Лентаи хабарҳо
0