ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Parstoday”, дар чаҳорумин Иҷлоси муштараки консулии Эрон ва Тоҷикистон ба раёсати Алиасғари Муҳаммадӣ мудири кулли консулии Вазорати умури хориҷаи Эрон ва Низомуддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор шуд.
Бино бар иттилои манбаъ, ду тараф бо истиқбол аз раванди ру ба рушди ҳамкории мусбат ва созандаи ду кишвар ба вижа ҳамкории консулӣ, бар иртиқои ҳар чи бештари ин равобит таъкид карданд.
Истиқбол аз авф ва озодии шаҳрвандони зиндонии Эрон ва Тоҷикистон лузуми тасҳил ва тасреъ дар судури визаи шаҳрвандони ду кишвар, зарурати таомул дар ҷиҳати пешгирӣ аз вуруд ва иқомати ғайриқонунии шаҳрвандони ду кишвар дар хоки якдигар, муборизаи муштарак бо қочоқбарони инсон ва ҷурмҳои созмонёфта, лузуми ҳамкории ҳуқуқӣ ва қазоӣ ва ниҳоисозии санадҳои марбута аз дигар меҳварҳои мавриди таъкид дар ин нишаст буд.
Манбаъ цайд намудааст, ки дар поёни чаҳорумин Иҷлоси муштараки консулии Эрон ва Тоҷикистон Алиасғари Муҳаммадӣ мудири кулли консулии Вазорати умури хориҷаи Эрон ва Низомуддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Теҳрон суратҷаласаи музокиротро дар 15 банд имзоъ карданд.